Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиҳони адвокатҳо дар Суғд: Бисёриҳо ноком шуданд (САВОЛНОМА)


Дар вилояти Суғд аз ҷумлаи 200 вакили мудофеъ танҳо 30 нафар имтиҳони Вазорати адлияро супурда ва иҷозаи идомаи фаъолиятро ба даст овардаанд.

Аз миёни 200 вакили мудофеъ дар вилояти Суғд танҳо 30 вакил имтиҳони Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Тоҷикистонро супурда ва иҷозаи идомаи фаъолиятро ба даст овардаанд.

Саидбег Нуриддинов, раиси иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 14 март дар маҳфили қасамёдкунии адвокатҳо дар Хуҷанд иштирок дошт, гуфт: “Дар Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи адвокатҳо ва фаъолияти адвокатҳо ” “талаботи хеле сахт“ нисбат ба адвокатҳо пешбинӣ шудааст". Вай афзуд, “адвокатҳое, ки аз имтиҳон гузаштанд, барои вилояти Суғд, бениҳоят каманд.”

Дар ин робита Садридин Саидов, раҳбари намояндагии Итттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, дар ҳоли ҳозир норасоии адвокатҳо эҳсос мешавад, “вале мо умедворем дар муҳлати тақрибан ним моҳи дигар, ки барои имтиҳони адвокатҳо боқӣ мондааст, теъдоди зиёдтаре соҳиби мақоми “адвокатӣ” мегарданд.”

Аз ҳоло бархе адвокатҳои аз имтиҳони Вазорати адлия нагузашта мегӯянд, дар вазъи сангине қарор доранд. Як нафар аз онҳо, ки умедвор аст аз имтиҳони такрорӣ бигзарад, бидуни зикри номаш гуфт, “аз ман талаб доранд аз ҳимояти зерҳимояҳоям даст кашам, чун дигар аз ҳаққи кори адвокатӣ маҳрум карданд. Вале зерҳимояҳоям, ки бо онҳо аз қабл шартнома имзо кардем, аз гиребонам гирифтаанд, ки корро то охир барам. Байни обу оташ мондаам, намедонам чӣ кунам? ”

Як тан аз вакилони мудофеъ, ки дар ин санҷиш ширкат дошт, рӯзи душанбеи 14 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар вакили мудофеъ бояд ба 100 савол посух гӯяд.

Ба гуфтаи ӯ, 50 савол марбут ба ҳуқуқ ва қонунгузорӣ буда, саволҳои боқимонда ба сиёсат, Қонуни асосӣ, муқаддасоти миллӣ, таърих ва фарҳанг рабт доштаанд.

Маросими савгандёдкунии адвокатҳо дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Дар бахши аввал аз вакилони мудофеъ оиди мафҳуми «адвокат» ва «фаъолияти адвокатӣ», усулҳои фаъолияти адвокатӣ, намудҳои ёрии ҳуқуқии адвокатҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои адвокат ва сири адвокатӣ пурсиш сурат гирифтаст.

Ин манбаъи Озодӣ гуфт, дар миёни саволҳо "Ҳадафи стратегии Паёми Эмомалӣ Раҳмон чист?", "Муҳимтарин дастоварди сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон чӣ буд?", "Дар кадом ҳолат вазъияти фавқулодда эълон мешавад?" ва ё "Нахустин поезд ба Тоҷикистон кай омад?" низ будаанд.

Ҳамчунин, аъзои Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо имтиҳонсупорандагон дар бораи донистани забонҳои хориҷӣ, истифода аз компютер ва доштани почтаи электронӣ суол кардаанд.

Бар асоси муқаррароти ин комиссия ҳар вакили мудофеъ, ки доғи судӣ ва ё дар баҳсҳои додгоҳӣ доштааст, аз ҳаққи ширкат дар санҷиш маҳрум хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, маҳз ба ҳамин далел ба Низомиддин Бекматов, узви собиқи Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ба парлумони кишвар дар соли 2005 вориди баҳси додгоҳӣ шуда буд, иҷозаи ширкат дар санҷиши Комиссияи тахассусии Вазорати адлия дода нашудааст.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи саршинос низ, ки 10 соле қабл алайҳаш парванда боз шуда буд, аз ширкат дар ин санҷиш худдорӣ кардааст. Вай рӯзи 14 - уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт : “Бубинед, дар Тоҷикистон, агар алайҳи як нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудаву вале доғи судӣ надошта бошад, метавонад дар мақомоти додситонӣ, амният ё корҳои дохилӣ кор кунад. Вале адвокат, ки корманди як иттиҳоди ҷамъиятӣ аст, агар даҳ ё панҷоҳ сол пеш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, ҳақ надоштааст ба кору фаъолияти адвокатӣ машғул шавад.”

Хонум Воҳидова афзуд, Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи адвокатҳо"-ро маҳдудкунандаи ҳуқуқи одамон ба кору фаъолият ва дастрасӣ ба ҳимоят ва имтиҳон аз сӯи Вазорати адлияро фишор болои адвокатҳо ва маҳдудсозии фаъолияти онҳо медонад. Ба назари вай, ба маротиб кам кардани теъдоди адвокатҳо дастрасии сокинон ба ҳимояти ҳуқуқиро маҳдуд мегардонад ва эҳтимол дорад дар сурати зарурӣ сокинон ба зудӣ адвокат пайдо карда натавонанд. Ва ё барои дастрасӣ ба адвокат навбат бипоянд. Бино ба маълумоти Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ ва шаҳри Табошар аслан бе адвокат монданд ва чанд адвокати ин маҳалҳо ба сабаби мушкилоти молӣ аслан нахостаанд дар имтиҳон иштирок кунанд.

Низомидин Бегматов, дигар аз адвокатҳои шинохтаи Суғд мегӯяд, ин қонун назорат аз болои кори адвокатҳоро шадидтар карда, бештар роҳи халосӣ аз вакилони "гапнодаро" ва ё вакилони мустақили парвандаҳои пурсарусадост. Бар асоси ин тағйиру иловаҳо, афроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда дар Тоҷикистон низ аз ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатӣ маҳруманд. Ба гуфтаи вай, шарти имтиҳон қабул кардан аз адвокатҳо, ба ҷуз қонуни Тоҷикистон дар бораи адвокатҳо дар дигар ягон қонун пешбинӣ нашудааст : “Бо бо як дастурамал ин корро ҷорӣ карданд. Мо дар имтиҳонҳои донишгоҳӣ ба ин саволҳо посух гуфта,соҳиби диплом шудем. Лекин мо ҳозир кор кунем ё кору фаъолиятро як сӯ монда, сари китобҳо нишаста, ба 500 саволи назариявию сиёсӣ ҷавоб ёбем?”

Зимнан, фаъолияти Комиссияи санҷиши вакилони дифоъ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон аз моҳи декабри соли гузашта шурӯъ шуда ва то рӯзи 28 марти соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Абубакр Ёров, узви Комиссияи санҷиши адвокатҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 9 март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳудуди 1000 адвокате, ки айни ҳол дар кишвар фаъолият доранд, бо шурӯи имтиҳони вакилони дифоъ дар Вазорати адлия, ҳудуди 200 нафар аз санҷиш гузаштаанд. Вай афзуд, агар адвокатҳои боқимонда барои санҷиш ба ин комиссия муроҷиат накунанд ва аз имтиҳон нагузаранд, аз фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда мешаванд.

Аксари вакилони мудофеъ бо шурӯъи санҷиши вакилони дифоъ аз ҷониби Вазорати адлия изҳори норозигӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ин як амали танг кардани фаъолияти онҳост. Онҳо мегӯянд, беҳтар аст, ки вазорати адлия мӯҳлати санҷиши адвокатҳоро баъд аз 28-уми март низ идома бидиҳад.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи январи соли равон зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки то ба ҳол 94 вакили дифоъ аз санҷиши комиссияи вижаи ин ниҳод гузашта ва ба таври расмӣ мақоми адвокатиро гирифтаанд. Ин комиссия аввали моҳи декабри 2015 дар назди Вазорати адлия ташкил шуда буд. Комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони Вазорати адлия, Донишгоҳи миллӣ ва Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон таъсис шудааст.

Масъулони Вазорати адлия қаблан гуфта буданд, ки вакилони дифоъ дар тӯли панҷ сол як бор аз санҷиш мегузаранд, ки тартиби баргузорияшро худи адвокатҳо муайян хоҳанд кард. Ба гуфтаи онҳо, ин тағйирот ба хотири ҷалби бештари мутахассисон ба фаъолияти адвокатӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои ришватхорӣ, таҳкими фаъолияти адвокатӣ ва ба ин васила таъмини адолати додгоҳӣ дар тамоми марҳилаҳо, ҳангоми тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG