Марҳалаи аввали интихобии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола дар гурӯҳи «С» рӯзи шанбеи 15-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор шуруъ мешавад.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «С» барои дарёфти роҳхат ба даври баъдӣ бо тимҳои Тайланд, Эрон, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ ва Сингапур рақобат мекунад. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 15-ум то 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мегардад.
Ба марҳилаи дувуми интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 23-юми феврал то 3-юми марти соли оянда баргузор мешавад, ҳашт дастаи марҳилаи аввали интихобӣ – ғолибони шаш гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум – роҳ меёбанд.
Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии охирини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон – ба мусобиқаи қитъавӣ, ки соли оянда доир мешавад, мустақиман роҳхат гирифтанд.
Марҳалаи аввали интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола:
Гурӯҳи «А»: Чин, Узбекистон, Урдун, Гуам, Шри-Ланка (мизбон).
Гурӯҳи «В»: Лаос, Ҳиндустон, Ҳонконг, Покистон, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «С»: Тайланд, Эрон, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ, Сингапур, Тоҷикистон (мизбон).
Гурӯҳи «D»: Австралия, Тайбэйи Чин, Қирғизистон (мизбон), Фаластин, Индонезия.
Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Мянмар, Малайзия, Непал (мизбон), Сурия.
Гурӯҳи «F»: Бангладеш (мизбон), Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Лубнон.
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «С»
Даври 1-ум
15 сентябр (шанбе)
16:00 – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ – Эрон
19:00 – Тоҷикистон – Сингапур
Даври 2-юм
17 сентябр (душанбе)
16:00 – Сингапур – Тайланд
19:00 – Тоҷикистон – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ
Даври 3-юм
19 сентябр (чоршанбе)
16:00 – Эрон – Сингапур
19:00 – Тайланд – Тоҷикистон
Даври 4-ум
21 сентябр (ҷумъа)
16:00 – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ – Тайланд
19:00 – Эрон – Тоҷикистон
Даври 5-ум
16:00 – Сингапур – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ
19:00 – Тайланд – Эрон
Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.