Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон мушкили убури мошинҳоро ба масоили амниятӣ рабт додааст


Мошинҳои Тоҷикистон дар марзи Туркманистон дармондаанд
Мошинҳои Тоҷикистон дар марзи Туркманистон дармондаанд

Як манбаъ дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо гузашти тахминан бист рӯз аз дармондани мошинҳои борбари Тоҷикистон дар марз бо Туркманистон, мақомоти ин кишвар дар номае сабабҳои масдуд шудани мошинҳоро шарҳ доданд.

Як ҳафта қабл Туркманистон барои мошинҳои ҳомили коло, ки бояд ба Тоҷикистон бираванд, маҳдудият ҷорӣ кард. Мошинҳои расида ба марзи "Лутфобод" маҷбур ба бозгашт ва идомаи масир аз марзҳои шимоли ғарбии Эрон ҳастанд

Як масъули вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки дар матни номае ба унвонии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ҷониби Туркманистон сабаби иҷоза надодани ҳаракати мошинҳои борбари Тоҷикистон аз қаламравашро "ба масъалаи амниятӣ" рабт додааст.

Ин масъули вазорати нақлиёт рӯзи 11 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Туркманистон дар номае ба унвонии мақомоти тоҷик навиштааст, ки Туркманистон на танҳо мошинҳои Тоҷикистон, балки Туркияву қисман Узбакистону чанд кишвари дигарро низ масдуд карда гуфтааст, ки "нигаронӣ аз қочоқ шудани маводи мухаддир мақомоти Туркманистонро маҷбур кард, ки даст ба ин иқдом зананд".

Маълум нест, ки манзур аз ин ҳарфҳо чист ва то куҷо ҷониби Туркманистон шаҳрвандони Тоҷикистонро дар қочоқи маводи мухаддир гумонбар медонад.

Инчунин маълум нест, ки ба даҳҳо мошини дармонда дар марзи Туркманистон кай иҷозаи ҳаракат дода мешавад.

Як ширкати эронӣ рӯзи 11 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафтаи гузашта ҳудуди 20 ронандаи тоҷик бори худро дар хоки Эрон гузашта бо ҳавопаймои хатсайри Теҳрон-Душанбе ба ватан баргашт.

Мушкил аз охири моҳи август идома дорад

2 сентябр гуруҳи ронандагони мошинҳои боркаш, ки бо Тоҷикистон кор мекунанд, ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки як ҳафта ба ин сӯ дар марзи Туркманистон ва Эрон дармондаанд ва намедонанд, сабаби роҳ надодани онҳо ба қаламрави Туркманистон чӣ ҳаст. Ба иттилои ин ронандаҳо, дар марзи Эрону Туркманистон даҳҳо мошине дармондааст, ки ҳадафаш интиқоли бор ба Тоҷикистон аст. Гумруки Туркманистон бидуни шарҳи сабаб ронандаҳоро иҷозаи убур аз хоки ин кишвар намедиҳад.

Бархе расонаҳо гуфтанд, ки мушкили интиқоли бор ба Эрон ва бад будани робитаҳои сиёсиву тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишвар бастагӣ дорад. Вале мақомоти Эрон ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки дар банд мондани даҳҳо мошину вагони боркаши Тоҷикистон дар марзи он кишвар бо Туркманистон даст надоранд. ​Умеди Ҷаҳонхоҳ, нозири гумруки Хуросони Разавӣ рӯзи 8 сентябр ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, Эрон барои убури мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар гузаргоҳи "Лутфобод" ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ накард.

"Як ҳафта қабл Туркманистон барои мошинҳои ҳомили коло, ки бояд ба Тоҷикистон бираванд, маҳдудият ҷорӣ кард. Мошинҳои расида ба марзи "Лутфобод" маҷбур ба бозгашт ва идомаи масир аз марзҳои шимоли ғарбии Эрон ҳастанд. Гумруки Эрон бо ирсоли нома аз мамониати Туркманистон барои вуруди мошинҳои боркаш, ки ба Тоҷикистон бояд бираванд, гумрукоти Хуросони Разавиро огоҳ карда буд", - афзудааст ӯ.

Хуросони Разавӣ молҳои тавлидотиашро асосан ба Афғонистону Туркманистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна содирот мекунад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагон маслиҳат дод, ки барои бозгашт ба кишвар аз қаламрави Озарбойҷону Қазоқистон истифода кунанд. Вазорат дар як изҳороти расмӣ гуфт, "ин роҳ дар муқоиса ба роҳи Туркманистон-Узбекистон-Тоҷикистон тӯлонитар аст, вале айни ҳол ягона илоҷ ҳамин аст."

Видео: Мошинҳои бандмондаи Тоҷикистон дар марзи Эрону Туркманистон

Чаро мошинҳои Тоҷикистон дар марзи Туркманистон банд мондаанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

​Туркманистон чӣ гуфт?

Мақомоти Туркманистон аз оғози сар задани моҷаро вазъ ва мушкили масдуд шудани ҳаракати борбарҳоро дуруст шарҳ надоданд. Танҳо тахминан ду ҳафта баъди шурӯи масдудкунии ҳаракати борҳои Тоҷикистон, ҷониби Туркманистон иҷоза дод, ки қаторҳои бандмонда аз марзи он кишвар гузаранд. Як манбаъ дар идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, наздики 150 вагон ҳаққи убур аз марзи Туркманистонро ба даст оварданд.

Ба қавли манбаъ, мақомоти Роҳи оҳани Туркманистон бо ирсоли як мактуб ба ҳамтоёни тоҷики худ гуфтаанд, ки ҳаракати қаторҳоро бо сабаби мушкили дохилии худ манъ кардаанд.

Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки дар равобиташон мушкилот аҳёнан пеш омадааст. То кунун байни ду кишвар бештар аз 70 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, вале тиҷораташон ночиз аст. Соли 2017 гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон камтар аз 40 миллион долларро ташкил додааст.

Мушкилот дар ҳаракати мошинҳои борбар, ки Туркманистон як роҳи транзитии онҳо ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад, баъди фурсати кӯтоҳе аз он пеш омад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ишқобод сафар кард ва бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон мулоқот дошт.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG