Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 25-уми январ гуфт, дар соли 2015 ин ниҳод муваффақ шудааст, ки аз мардум ба миқдори як ҳазору 288 адад силоҳи оташфишонро кашфу мусодира намояд. Ҷаноби Раҳимзода гуфт, ки “миқдори силоҳи аз соли 1994 то инҷониб мусодирагардида, 39 ҳазору 39 ададро ташкил медиҳад.”
Чанд рӯз пас аз нигаронии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз гардиши ғайриқонунии силоҳ дар кишвар, мақомот рӯзи 30-уми январи соли ҷорӣ аз боздошти сокини 22-солаи вилояти Хатлон барои нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи “калашников” хабар доданд.Тибқи иттиллои мақомоти пулис, ин ҷавон рӯзи 29-уми январ дар пайи як амалиёт боздошт шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, "ба ҳангоми тафтиш “аз номбурда 1- адад силоҳи оташфишони тамғаи ”АКМ”, қутраш 7,62-мм,соли бароришаш 1972, коршоям ва 1-адад ниқоб, ки дар хонаи истиқоматияш ғайриқонунӣ нигаҳ медошт, дарёфт ва мусодира шуд”. Мақомоти умури дохилии Хатлон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида ва тафтишот идома дорад.
Бо вуҷуди он, ки соли 1994 фармони расиҷумҳури Тоҷикистон барои халъи силоҳ содир шуда буд, аммо то ҳанӯз боқӣ мондани теъдоди зиёди силоҳи оташфишон дар дасти афроди ғайринизомӣ, як омили нигаронкунанда дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳатто дар минтақаҳое, низ, ки мавзӯи халъи ислоҳ ҷиддӣ гирифта мешавад, омилони ҷиноятҳо аз силоҳи оташфишон истифода мекунанд.
Аз нигоҳи таҳлилгарони тоҷик, маҳфуз мондани силоҳ дар дасти сокинон ба он маънӣ нест, ки онҳо яроқҳоро аз замони ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ медоранд. Балки бо таваҷҷӯҳ ба он, ки бархе аз вилоятҳо наздик ба марз мавқеъият доранд, имкони ворид шудани силоҳ аз хориҷ вуҷуд дорад.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар пасманзари фаъолияти даҳшатбори гурӯҳи мавсум ба “Давлати исломӣ ” аз вуҷуди силоҳи зиёд дар дасти мардум нигаронӣ карда буд. Ӯ зимни суханронӣ дар мулоқот бо раҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳолии вилояти Бадахшон гуфт, “ки аз соли 1994 то имрӯз аз аҳолии вилоят 4 ҳазору 642 мил силоҳи оташфишони навъҳои гуногун ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст.”
Аммо бо вуҷуди ин, ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон “дар дасти аҳолӣ ҳанӯз ҳам миқдори зиёди силоҳ мавҷуд аст, ки метавонад боиси халалдор шудани амнияти аҳолӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ гардад.”
Дар зимн, парлумони Тоҷикистон дар соли 2015 бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба тарҳи “Қонун дар бораи силоҳ”, аз гардиш гирифтани туфангчаҳо ва револверҳои пневматикиро, ки дар дасти мардум ҳастанд, заминаи қонунӣ бахшид ва вазорати корҳои дохилиро муваззаф кард, ки дар сурати доваталабона баргардондани туфангча ва ё револвер, арзиши онро ҷуброн кунад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз беш аз 300 аз револверҳои травматикӣ ва тирҳои ҷарроҳатрасон дар дасти мардум вуҷуд дорад. Қонун дар бораи силоҳ дар моҳи марти соли 2013 қабул шуд, аммо соли 2014 ба ин қонун тағйирот ворид гардид, ки он гардиш ва истифодаи ин навъи силоҳро манъ мекард. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки то ворид шудани ин тағйиру иловаҳо сокинон иҷозатномаи истифодаи ин аслиҳаро аллакай доштанд, ислоҳоти нав онҳоро барои бозпас гардонидан он муваззаф кард.