Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Чин дар Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия


Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад, дар ҳамин ҳол мунтахаби Чин бо касби 18 медал (9 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 14 медал (3-6-5) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 11 медал (2-3-6) дар мақоми севум қарор доранд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 18 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 11 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Варзишгарони тоҷик 20-уми август дар мусобиқот аз рӯи барономаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар риштаҳои футболи занона, тирандозӣ, шиноварӣ, таэквондо ва гуштии озод ширкат меварзанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Қазоқистону Узбекистон чормедалӣ гирифтаанд: яктоӣ тилло, яктоӣ нуқра ва дутоӣ биринҷӣ. Мунтахаби Қирғизистон як медали нуқра дорад. Вале варзишгарони Тоҷикистону Туркманистон алъон медал ба даст наовардаанд.

Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо бештар аз 80 варзишгар дар 16 намуд – футболи занона, варзиши сабук, гуштии кураш, самбо, шиноварӣ, таэквондо WTF, гуштии озод ва юнониву румӣ, ҷудо, камонварӣ, тирандозӣ, каратэ, ҷиу-ҷитсу, вазнабардорӣ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс ва ушу – намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарони тоҷик рӯзи 19-уми август аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII осиёӣ оид ба гуштии варзишӣ, тирандозӣ ва ушу рақобат карда, ноком шуданд.

Дар мусобиқаи гуштии озод панҷ варзишгари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд. Ҳикматулло Воҳидов дар вазни зери 57 кило аз гуштигири муғул ва Баҳодур Қодиров дар вазни зери 86 кило аз варзишгари қазоқ мағлуб гаштанд.

Абдулқосим Файзиев дар вазни зери 65 кило дар даври аввал бар гуштигири Тайланд бо ҳисоби 12:2 пирӯз шуд, вале дар даври дувум аз варзишгари Ҳиндустон шикаст хӯрд. Гамид Ҷалилов низ дар вазни зери 74 кило бар варзишгари Покистон бо ҳисоби 10:0 ғалаба кард, вале баъдан аз гуштигири Кореяи Ҷанубӣ мағлуб шуд.

Искандари Рустам бошад, мебоист дар вазни зери 97 кило вориди рақобат мешуд, вале ӯ ба иллати беморӣ натавонист дар сабқати гуштии озод ширкат варзад.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта ҷойи 15-ум ва дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта ҷойи 21-умро соҳиб шуданд.

Мирзодалерхон Хуршедзода, ягона варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар сабқати ушу намояндагӣ кард. Ӯ низ ба нокомӣ дучор шуд. Вай дар вазни зери 70 кило дар аввалин қувваозмоияш аз варзишгари Ҳиндустон шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Варзишгарони тоҷик имрӯз, 20-уми август, дар мусобиқот аз рӯи барономаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар риштаҳои футболи занона, тирандозӣ, шиноварӣ, таэквондо ва гуштии озод ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG