Аз аввали имсол 36 сокини вилояти Хатлон бо ҷурми пайравӣ аз ҳизбу ҷараёнҳои мамнӯъ ва террористӣ боздошту зиндонӣ шудаанд. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Хатлон рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзеи ин афродро дар дохил ва бархеи дигарро дар хориҷ дастгир карданд.
Агар шароити хуби корӣ бошад, ҷалби онҳо ба созмонҳои мамнуъ осон нест.
Генерал Абдуваҳҳоб Искандарзода, корманди Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон, низ чанде пештар дар як ҷаласа гуфта буд, ки дар миёни боздоштшудаҳо аъзои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳастанд. Ба қавли ӯ, беш аз 730 сокини дигари вилояти Хатлон бо гумони ҳамкорӣ ва узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар кофтукоби байналмилалӣ қарор доранд. Дар миёни онҳо аъзои ҷунбиши Толибон низ будаанд.
- Назари хонавода ва вакилони дифои маҳкумшудаҳо дар ҳоли ҳозир дастрас нест. Дар гузашта баъзе аз маҳкумшудаҳо барои пайравӣ ақидаву созмонҳои ифротии динӣ гуфта буданд, ки танҳо гуноҳашон намозхонӣ буд ва узви ҳеч гуруҳ ё созмони ҷиноӣ ва мамнӯъ набуданд.
Бо ин ҳол, мақомоти интизомӣ дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, имсол сабти ҷиноятҳои вобаста ба терроризму экстремизм дар вилоят назар ба гузашта камтар шудааст. Абдуваҳҳоб Искандарзода далелҳои коҳиши чунин ҷиноятҳоро натиҷаи "корҳои фаҳмондадиҳӣ" ва суқути гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Ховари Миёна баршумурд.
"Дар ҳамин давраи соли гузашта беш аз 250 ҷинояти вобаста ба ифротгароиву терроризмро сабт карда будем. Имсол ин шумора ба 200 расидааст", - шарҳ дод ӯ.
Генерал афзуд, дар нимсолаи аввал 16 узви созмонҳои фаъолияташон мамнуъ, аз ҷумла “Гуруҳи 24” низ ихтиёрӣ аз хориҷ ба ватан баргаштаанд.
Яке аз онҳо Файзуллоҷон Сафаров, сокини ноҳияи Ёвон ва аз фаъолони “Гуруҳи 24” аст. Ӯ гуфт, аввали имсол бо изҳори пушаймонӣ ба кишвар баргашт ва мавриди афв қарор гирифт. “Соли 2012 корро дар идораи маорифи ноҳияи Ёвон сар карда, вале баъди ба Русия рафтан ба “Гурӯҳи 24” пайвастам”, - гуфт ӯ.
Файзуллоҷон Сафаров гуфт, талош дорад дубора дар соҳаи маориф фаъолият карда, пеши роҳи баъзе ҷавононро аз пайвастан ба созмонҳои мамнӯъ ва ифротгаро бигирад.
Амирбеки Темур, раиси ноҳияи Ёвон гуфт, бозгашти Файзуллоҷон Сафаров онҳоро хушҳол кардааст, вале барои қабул шудан ба кор бояд чанд озмунро гузарад.
Рустами Сафар, коршиноси маҳаллӣ, гуфт, мақомот бояд ҳарчи зуд ҷойҳои корӣ биофаранд, то ҷавонҳо тавонанд дар дохили кишвар фаъолият кунанд. “Агар шароити хуби корӣ бошад, ҷалби онҳо ба созмонҳои мамнуъ осон нест. Азбаски дар муҳоҷиратанд ва сарсону саргардон, як рӯз не як рӯз мубаллиғони чунин созмонҳо онҳоро ба доми худ хоҳанд афтонд. Ё бо мағзшӯӣ, ё бо пул ваё таҳдид. Дар дохил соҳиби кору дар назди хонавода бошанд, эҳтимоли пайвастанашон ба чунин созмонҳо хеле камтар аст”, - хулоса кард ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ифротгароӣ як хатари ҷиддӣ ба амнияти миллии кишвар аст ва Хатлон яке аз осебпазиртарин минтақаҳо дар баробари ин зуҳурот аст. Моҳи май соли гузашта раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ аз хатари ифротгароӣ дар Хатлон суҳбат карда ва гуфта буд, 500 сокини вилоят ба Ироқу Сурия рафтаанд ва 60 нафарашон дар ҷангҳо кушта шудаанд.