Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили тоҷик хост, шеваи мубориза бо ифротгароӣ тағйир ёбад


Равшан Раҷабов
Равшан Раҷабов

Як вакили порлумони Тоҷикистон аз мақомот хостааст, ки барои мубориза бо ифротгароӣ фақат аз чораҳои ҳуқуқӣ кор нагиранд. Равшан Раҷабов, муовини раиси яке аз кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон, дар як матлаб дар "Садои мардум" – нашрияи порлумон – навиштааст, баъзе аз афроди муттаҳам ба узвият дар гуруҳҳои ифротгаро "зиндагии вазнин доранд ва истифода аз чораҳои иҷтимоӣ мувофиқи мақсад мебуд".

Дар куҷо корхона дорем, ки ҷавононро ҷалб кунем, то кор кунанд? Бо гапи хушку холӣ намешавад бо ифротгароӣ мубориза бурд.

Раҷабов дар шарҳи ин иддао рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "қонун ҳаст, аммо шароити иқтисодӣ ва иҷтимоиро бояд беҳтар кард. Кадом гуруҳи одамон ба созмонҳои ифротгаро шомил мешаванд? Онҳое, ки дар ҳақиқат мушкил доранд, пул надоранд ва зиндагиашон вазнинтар аст. Гумроҳанд."

Ин вакили порлумон гуфт, аксари онҳое, ки ба сафи гуруҳҳои ифротгаро дар хориҷи кишвар пайвастаанд, маълумоти нопурра доранд. Аз ҷумла, ба қавли ӯ, танҳо 8 дарсади ин афрод соҳиби маълумоти олӣ буда, 78 дарсади дигар маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи умумии нопурра доранд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ба ҳисоби Равшан Раҷабов, беш аз 80 дарсади ин афрод ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар ба сафи созмонҳои ифротгарову террористӣ ҷалб шудаанд.

Мақомот: “Танҳо аз муҷозот кор намегирем”

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Бори нахуст нест, ки аз мақомоти тоҷик даъват мешавад то дар амри мубориза бо ифротгароӣ танҳо аз муҷозот кор нагиранд. Чун ба қавли таҳлилгарон, решаи ифротгароӣ дар Тоҷикистон бештар аз мушкилҳои иҷтимоӣ об мехӯрад ва нахуст бояд ин масъалаҳо ҳал шаванд. Аммо мақомот ҳамвора таъкид мекунанд, ки барои аз байн бурдани ифротгароӣ аз ҳама роҳҳои зарурӣ кор мегиранд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои аз байн бурдани ифротгароӣ аз ҳама роҳҳои маъмул, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода мекунанд. Ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, бахшидани онҳое, ки ихтиёрӣ аз сафи гуруҳҳои ифротгаро бармегарданд, яке аз далелҳоест, ки нишон медиҳад роҳи мубориза бо ифротгароӣ танҳо муҷозот нест.

Тибқи омори ахир шумораи онҳое, ки ихтиёрӣ аз сафи гуруҳҳои ифротгаро ба Тоҷикистон баргашта авф шудаанд, беш аз 100 нафар мебошад.

“Имконе, ки Тоҷикистон дар ихтиёр надорад”

Таҳлилгарон дар гузашта ва имрӯз низ борҳо таъкид кардаанд, ки агар дар Тоҷикистон воқеан мехоҳанд ҷавононро аз банди ифротгароӣ наҷот диҳанд, бояд барои онҳо шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам шавад. Аммо як гуруҳи коршиносон таъкид мекунанд, ки истифодаи бештар аз муҷозот дар муқобили ифротгароӣ дар кишвар аз ноилоҷӣ аст. Чун ба қавли онҳо, Тоҷикистон феълан шароити таъмини аксари ҷавонон бо ҷойи кори арзандаро надорад.

Азиз Нақибзод
Азиз Нақибзод

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, бардошти ӯ баъди иштирок дар чанд мурофиаи ашхоси баргашта аз ҷангҳои Ховари Миёна чунин аст, ки зиндагии вазнин онҳоро ба чунин роҳ бурдааст. Ӯ мегӯяд, ин ҷавонон аз шароити бади зиндагӣ дар Тоҷикистон ба Русия рафта, дар оҷно маҷбур ба ҳамон гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд.

Азиз Нақибзод мегӯяд, ҳалли мушкили иҷтимоӣ роҳи беҳтари пирӯзӣ бар ифротгароӣ аст, аммо Тоҷикистон чунин имконро надорад. “Дар куҷо корхона дорем, ки ҷавононро ҷалб кунем, то кор кунанд? Бо гапи хушку холӣ намешавад бо ифротгароӣ мубориза бурд. Феълан мо имкон надорем вазъи иқтисодии ҷавононро беҳтар ва онҳоро бо кор таъмин кунем. Барои ҳамин, боз ҳам боқӣ мемонад тарсонидан ва муҷозот кардан”, - хулоса кард Азиз Нақибзод.

Ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо ифротгароиро аз соли 2015 ҷиддӣ гирифт. Дар авҷи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Ироқу Сурия дар назди Додситонии кулл Ситоди мубориза бо терроризм таъсис ёфт, ки тамоми мақомоти интизомиро барои мубориза бо тундгароӣ муттаҳид мекунад.

Дар соли 2016 Тоҷикистон Стратегияи мубориза бо терроризмро қабул кард, ки бар асоси он то соли 2020 марҳила ба марҳила ифротгароӣ дар ин кишварро бояд коҳиш бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG