Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи даҳнафарӣ дар талоши ҳамла ба пойгоҳи Русия айбдор шуд


Дар гузориши мақомот гуфта шуд, ки гӯё ҳамлагарони эҳтимолӣ пойгоҳи низомии Русияро ҳадаф қарор дода буданд
Дар гузориши мақомот гуфта шуд, ки гӯё ҳамлагарони эҳтимолӣ пойгоҳи низомии Русияро ҳадаф қарор дода буданд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон як гурӯҳи сокинони кишварро дар талоши анҷоми ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла талоши тарконидани пойгоҳи 201-и Русия дар хоки Тоҷикистон гунаҳгор ва масъулияти тарҳрезии ин нақшаҳоро ба ҲНИТ вогузор карданд. Ҳанӯз ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ дар заминаи иттиҳоми нав вокуниш накардааст. Гузориши телевизионӣ бо иттиҳоми 10 нафар дар амалҳои террористӣ шоми 31 июл пахш шуд.

Дар гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки шоми сешанбе нашр шуд, гуфта шуд, ки Додгоҳи шаҳри Душанбе як гурӯҳи айбдоршуда дар қасди анҷоми амалҳои террористӣ дар Тоҷикистонро ба мӯҳлати аз 7 то 26 сол равонаи зиндон кард. Маълум нест, ки ҳукми додгоҳи Душанбе кай содир шуда худи гумонбарон кадом вақт боздошт шудаанд.

Аз қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон – муаллифи ин гузориш дар ин барнома гуфта шуд, ки гурӯҳи даҳнафараи шаҳрвандони Тоҷикистон соли гузашта боздошт шудаанд. КДАМ гуфт, ки ин афрод дар ҳоле боздошт шуданд, ки гӯё бо раҳнамоии чанд узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мехостанд амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Дар иттиҳоми мақомот гуфта шуд, ки ин афрод ҳадаф доштанд пойгоҳи 201-уми Русия - бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистонро тарконда оромии кишварро ба ҳам зананд. Ин гумонбарон сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Рӯдакиву Восеъ буда, ба қавли мақомот, таълими диниро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гирифтаанд ва бо кӯмаки молии ҳизби наҳзати исломӣ мехостанд дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Маҳмудҷон Азамов ва Фахриддин Гулов дар гузориши мақомот гуфтанд, «ҳадафи онҳо ноором кардани вазъи амниятии Тоҷикистон, ба ҳам задани суботу амнияти кишвар ва ба вуҷуд овардани нобоварӣ миёни сокинон кишвар буд». Вале ҷузъиёти бештари назари ҷониби айбдоршуда дар даст нест ва маълум нест, ки эътирофоти ин афрод дар кадом шароит ба даст омадааст. Санҷидани дурустии ин иттиҳом тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Чанд соат пеш аз пахши ин гузориш дар телевизион, ВКД Тоҷикистон ҲНИТ ва Эронро дар ташкили ҳамла ба туристони хориҷӣ дар Данғара айбдор кард. Вале худи ин ҳизб ва мақомоти Эрон ин иттиҳомро ҳамчун бепояву асос рад карданд.

XS
SM
MD
LG