Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъюбони тоҷик дар порлумон намоянда мехоҳанд. ВИДЕО


Маъюбони тоҷик мехоҳанд вакили мардумӣ бошанд, аммо ҳанӯз шароити зарурӣ дар ихтиёр надоранд ва қонунгузории кишвар низ барои чунин афрод имтиёзҳоеро пешбинӣ накардааст.

"Расидан ба ҳавзаҳо мушкил аст, чӣ расад ба долони порлумон"

Ҳарчанд дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон ду нафар маъюб узви порлумони кишвар ҳастанд ва барои афроди имконияташон маҳдуд қонунгузорӣ саҳмияҳоеро барои интихоб шуданашон ба вакилӣ пешбинӣ кардааст.

Дар Тоҷикистон қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки то 5 дарсади кормандони корхонаҳо ва муассисаҳо бояд аз ҷумлаи афроди маъюб истихдом шаванд.

Саида Иноятова, маъюби дараҷаи ду ва раҳбари созмони "Занҳои маъюби Тоҷикистон" орзуи баланде дорад, ки ба сиёсат роҳ пайдо кунад ва тавонмандии худро бисанҷад. Аммо мегӯяд, бо шароите, ки маъюбон дар Тоҷикистон доранд, расидани онҳо ба ҳавзаи интихоботӣ имконнопазир аст, чӣ расад ба долонҳои порлумон.

Доштани намоянда дар порлумон, ки тавонад ниёзҳои заъифтарин қишри ҷомеаи Тоҷикистонро бароварда созад, орзуи 153 ҳазор маъюби дигар аст, ки татбиқи он дар Тоҷикистон ба ин зудиҳо баъид ба назар мерасад.

Маъюбони тоҷик дар порлумон намоянда мехоҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Тоҷикистон соли равон эъломияи Созмони Милали Муттҳаид оиди ҳимояи ҳуқуқи маюбонро имзо кард ва бо ин дар қалби садҳо нафар шӯълаеро барафрӯхт, ки шояд акнун дар кишвар ба ин қишр таваҷҷӯҳ бештар шавад, ҷойҳои ва роҳҳои махсус бунёд ёбанд ва кӯмаки молии давлат ба онҳо афзоиш ёбад.

Саида Иноятова, маъюби дараҷаи ду ва раҳбари созмони "Занҳои маъюби Тоҷикистон"
Саида Иноятова, маъюби дараҷаи ду ва раҳбари созмони "Занҳои маъюби Тоҷикистон"

Саида Иноятова 26-уми июн якҷо бо чанд бонуи маъюби дигар дар ҳамоише дар робита ба ҷалби маъюбон ба ҳаёти сиёсӣ ба ҳасрат ба ҳамтоёни худ аз Қазоқистону Қирғизистон назар мекард, ки ба симмати вакили порлумон ва маҷлиси маҳаллӣ, фаъолият доранд.

Хонум Иноятова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки порлумон санади имзокардаи президентро зудтар тасвиб кунад ва ба маъюбон имтиёзи бештар диҳад. Дар ҳоле, ки маюбон дар Тоҷикистон шаҳрвандони комилҳуқуқ дониста мешаванд, аммо аз ҳаракату истифодаи нақлиёт гирифта то кӯмакпулии ками давлат мушкилот доранд.

"Маюбон имкон надоранд ҳатто ба маркази раъйдиҳӣ рафта, номзади мавриди назари худро интихоб кунанд. Зеро, то ба қуттии раъйдиҳӣ рафтан дар муассисаҳои Тоҷикистон роҳравҳои махсус ё пандусҳо вуҷуд надоранд. Мо наметавонем барномаи интихоботии номзадҳоро баррасӣ кунем, зеро ин мавод бо хатти бреёлӣ чоп намешавад. Вале мо шаҳрвандони комилҳуқуқ ҳастем ва эҳсос мекунем, ки метавонем дар пешрафти ҳаёти сиёсии Тоҷикистон нақши барҷаста дошта бошем",-азфуд Саида Иноятова.

Дар Қазоқистону Қирғизистон маъюбон вакил доранд

Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои ҳамсоя аз таҷрибаҳои расидагӣ ба мушкили маъюбон ҳикоят карданд. Достон Бекешев, узви порлумони Қирғизистон мегӯяд, ки дар кишвараш тамоми шароит барои интихоби маъюбон ба Жогорку Кенеш фароҳам шудааст. Хуби ӯ бори дувум вакили мардумӣ интихоб шудааст.

Достон Бекешев, узви порлумони Қирғизистон.
Достон Бекешев, узви порлумони Қирғизистон.

Ӯ мегӯяд, дар феҳрасти номзадҳои ҳизбӣ қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки то 20 дарсади номзадҳои аввал бояд аз ҷумлаи маюбон бошанд ва феълан ду нафар маъюб аз ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон дар Жогорку Кенеш вакилӣ мекунанд.

Лаззат Калтаева, маъюб ва вакили Маҷлиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон бар ин назар аст, ки барои интихоби шахси имконияташ маҳдуд ба вакилӣ тағйири фарҳанги сиёсии сокинони кишвар зарур аст, ки тавонанд шахси маъюбро вакили худ интихоб кунанд. Хонум Калтаева мегӯяд, ки Қазоқистон ҳанӯз 10 сол қабл "Барномаи СММ дар бораи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд"-ро имзо карда буд, вале ҳамакнун сокинони кишвар ба интихоб шудани чунин афрод ба вакилӣ омода шудаанд.

Вай афзуд: "Ман тӯли ин солҳо ду маротиба талош кардам, ки вакили мардумии Маҷлиси шаҳри Алмаато интихоб шавам. Бори аввал барор накард, аммо бори дувум интихоб шудам. Барои ҳалли ин мушкил дар Тоҷикистон зарур аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон бештар номзадҳои худ аз ҷумлаи маъюбонро муаррифӣ созанд. Дар ин амр нақши расонаҳо низ хеле бузург аст",

Аммо дар Тоҷикистон, ки майдони сиёсӣ барои фаъолияти аҳзоб маҳдуд аст ва довталабони солим аз ҳисоби ҳизбҳои мустақил наметавонанд ба порлумон шиомил шаванд, ба гуфтаи худи маъюбон гумон аст, ки касе маъюби бепулро тарғиб кунад ва ё ба интихобот роҳ диҳад.

"Дар Тоҷикистон ҳам маъюбон метавонанд вакил бошанд"

Аммо Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи робитаҳои байналмиллалӣ ва робита бо ҷомеаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин гуна ақидаҳоро рад мекунад. Ӯ муътақид аст, ки дар миёни афроди маъюб афроди ҷаҳонбиниашон васеъ ва донишманд андак нестанд.

Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи порлумони Тоҷикистон.
Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи порлумони Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки дар интихоби маюбон ба унвони вакили мардумӣ ҳеҷ бадиеро намебинад ва ин тоифаи мардум низ мисли ҳамаи шаҳрвандон баробарҳуқуқ ҳастанд ва метавонанд барои рушди кишвар саҳмгузор бошанд. "Таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя барои ҷудо кардани саҳмияҳо ба маъюбон боиси дастгирӣ мебошад",-гуфт Олимҷон Салимзода.

Бештаре аз коршиносони кишварҳои ғарбии узви САҲА дар нишасти рӯзи 26-уми июн дар Душанбе гуфтанд, ки мақомоти тоҷикро зарур аст ҳарчӣ сареътар ин ҳуҷҷатро тасвиб ва роҳи ширкати маюбон дар ҳаёти сиёсии кишварро ҳамвор созанд. Ба гуфтаи онҳо, дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон теъдоди маюбон то 15 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад ва ҳеҷ монеае барои кору таҳсил ва фаъолияти онҳо вуҷуд надорад.

Дар Тоҷикистон қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки то 5 дарсади кормандони корхонаҳо ва муассисаҳо бояд аз ҷумлаи афроди маъюб истихдом шаванд. Муқаррароте, ки ба гуфтаи соҳибназарон аз сӯи раҳбарони ширкатҳои хусусӣ маъмулан сарфи назар мешавад.

XS
SM
MD
LG