Дар як сохтмони ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербурги Русия миёни муҳоҷирон занозанӣ шуд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, дар натиҷа ду муҳоҷир бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.
Нашрияи "Фонтанка" навишт, ки низоъ байни муҳоҷирони Тоҷикистону Узбекистон рух дод.
Дар навор дида мешавад, ки наздики сад муҳоҷири меҳнатӣ миёни деворҳои сохтмон ҷасту хез доранд ва як гуруҳи дигар онҳоро сангборон мекунанд.
Баъдтар як ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон ва як марди 37-сола аз Узбекистон бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.
Шоми он рӯз пулис 30 иштирокчии ин занозаниро боздошт кард. 26 тани онҳо шаҳрвандони Узбекистон, 2 шаҳрванди Тоҷикистон ва яке шаҳрванди Озарбойҷон аст. Қисме аз онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд.
"Алайҳи 11 нафар бо айби майдаавбошӣ парванда боз шуд", - хабар доданд аз мақомоти Санкт-Петербург.
Ба гуфтаи як манбаъ, сабаби низоъ напардохтани музди меҳнати муҳоҷирон буд. Гуфта мешавад, низоъ баъди он бархост, ки як гуруҳ аз муҳоҷирони меҳнатӣ бо нишони эътироз корпартоӣ карданд.