Дар вилояти Самарқанд толибаи синфи 7 замоне қасд ба ҷони худ кард, ки мудири мактаб барои ёфт шудани аксҳои бешармона дар телефони дастияш ӯро дар байни ҳамсинфон ҳадафи тамахсур ва танқид қарор дод. Вале мақомоти расмӣ ин хабарро рад мекунанд.
Хонандаи синфи 7-и мактаби 93-и деҳаи Қипчоқравоти ноҳияи Каттақӯрғон дар вилояти Самарқанд, ки бо сабабҳои маълум аз овардани ном ӯ худдорӣ мекунем, охири моҳи апрел пас аз танбеҳҳои мудири мактаб даст ба худкушӣ задааст. Манбаи Бахши узбакии Радиои Озодӣ дар ин деҳа бо такия ба гуфтаҳои ҳамсинфони духтар мегӯяд, мудири мактаб телефонҳои ҳамроҳи хонандагонро ҷамъоварӣ ва тафтиш карда, аз телефони ин духтар аксҳои бешармонаро дарёфт кардааст.
"Директори мактаб телефони ҳамаи хонандагонро амъ кард ва дохили ҳар кадомро тафтиш намуда, аз телефони ин духтар кадом расму аксҳое ёфтааст ва ӯро дар ҳузури ҳама шармсор кардааст. Баъд аз ин духтар ба хона баргашта худро дар оғилхона овехтааст," -- мегӯяд ин манбаъ. Вай меафзояд, ҳоло падари духтар ба хашм омада, мехоҳад, гунаҳкори худкушии духтарашро ба додгоҳ кашонад.
Аммо мудири мактаби 93-и деҳаи Қипчоқравоти вилояти Самарқанд, Валиҷон Насимов аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ намуд ва ҷонишини ӯ, ки худро Фарида номид, гуфт, воқеа ба ин шакл сурат нагирифтааст. Намояндаи шӯъбаи маорифи ноҳияи Каттақӯрғон ба шарти зикр нашудани номаш ба Бахши узбакии Радиои Озоди гуфт, мақомот талош доранд, ин воқеа рӯ назанад ва бо илоҷе онро пинҳон нигоҳ доранд.
"Дуруст, аввал ҳамин хел гап баромад, ки хонанда худро баъд аз масхара шуданаш аз тарафи мудир овехтааст. Аммо ҳоло қартаро дигар хел гузоштаанд. Ҳоло мегӯянд, ки аҷдоду авлоди ин духтар худашон бемории равонӣ доранд ва хешони наздикаш ҳам қасд ба ҷонии худ кардаанд. Додситонӣ кофтуков дорад ва мо умедворем, ки ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид."
Як моҳ пеш чунин воқеа дар ноҳияи Ҷиззах рух дода буд. Рӯзи 11 апрел хонандаи синфи 7-и мактаби рақами 5 дар ин ноҳия пас аз суханони таҳқиромези омӯзгор худро ба дор кашида буд. Сабаб ин шудааст, ки ҳоли хонанда дар аснои дарс бад шуда, ӯ қай кардааст ва омӯзгор ин толибаро таъна задааст, ки обистан ё ҳомиладор аст.
28-уми сентябри соли гузашта донишҷӯи 18-солаи коллеҷи политехникӣ Маҷид Утеганов ҳангоми сафари донишҷӯён барои пахтачинӣ дар ноҳияи Хоҷалии Қароқалпоқистон худкушӣ кард.
Равоншиносон худкушии наврасонро як шакли эътироз меноманд ва аз падару модарону омӯзгорон мехоҳанд, давраи ҳассоси синнусолии онҳро дар назар дошта бошанд. Дар Тоҷикистон низ як хонандаи мактаб дар шаҳри Кӯлоб баъд аз маломатҳои тағояш, ки омӯзгори ҳамин мактаб будааст, дар рӯзҳои иди Наврӯз худро овехт. Мақомоти умури дохилӣ аз афзоиши худкушии ноболиғон изҳори нигаронӣ мекунанд.