Мардуми Тоҷикистон рӯзи 22-юми июн бо шахсияте барои ҳамеша худоҳофизӣ мекунад, ки исмаш ҳанӯз солҳои 80-ум дар таърихи нави кишвар сабт шудааст. Муаллифи “Таърихи табартақсим” Раҳим Масов – таърихшиноси маъруфи тоҷик – рӯзи панҷшанбе дар 79-солагӣ аз дунё чашм пӯшид.
Ҳамчун олим серталабу ростқавл буданд. Ва чун ҳар шахсият феълу хислати мушкил доштанд. Аммо, дар маҷмуъ, инсони раҳмдил буданд.
Манзили донишманди шинохта, ки дар фосилаи кӯтоҳе аз бемористони рақами 3-и Душанбе – макони даргузашташ мебошад, баъд аз зӯҳри 21-уми июн аз дӯстону ҳамкорон пур шуд. Дӯстону ҳамкорон ва шогирдони академик аз ӯ таърихнигори боҷасорат, инсони боғуруру сахтгир ва гоҳе якрӯву якрав ёд карданд. Вале аксарият дар ҳамин рӯз Раҳим Масовро аз нодиртарин ватандӯстон ва инсонҳои ҳомии арзишҳои миллӣ ёд карданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Наздиконаш мегӯянд, Раҳим Масов парвардаи хонаи ятимони Иттиҳоди Шӯравист ва бо талошҳои худ дар роҳи илм ба муваффақият ноил шудааст. Ӯ аз камтарин олимонест, ки дар баҳсҳои пурсарусадои марзӣ бо ҳамсоякишварҳо хомӯш набуд ва аз нодиртарин муаррихони давр буд, ки ноадолатиҳои сиёсии тақсимоти ҳудудии даврони Сталинро маҳкум кард.
Масов: Дар ин кор гузашт намекунам
Ҳеҷ назару андешаҳои ӯ бидуни вокуниш намемонд, ҳамеша баҳс эҷод мекард. “Таърихи табартақсим” ҳам аз маъруфтарин таҳқиқоти илмии академик Раҳим Масов гардише дар тафаккури таърихнигории кишвар дониста мешавад.
Донишманди тоҷик Зурмаҳмад Ёров, ки то охирин лаҳзаҳо дар канори Масов буд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои ӯ баҳси ҳудудии Тоҷикистон ҳамеша дарднок буд ва дар ин масоил бетараф истода наметавонист. Дар зиндагиву кори ҳамарӯза низ ҳамингуна як шахси қотеъ буду хотирбинӣ намекард. “Ҳодисаи дигар дар ёдам ҳаст. Як нафар мехост, барои олим шудан овози Масовро бигирад. Ин гуфтугӯ дар шоҳидии ман гузашт. Раҳим Масов гуфтанд, ки ба ҳеҷ вақт дар ин кор гузаште намекунанд”, - афзуд ӯ.
Онҳое, ки Раҳим Масовро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, барои ӯ илму ҳақиқати таърихӣ аз манфиатҳои шахсиаш болотар будааст. Дӯстонаш мегӯянд, дар пажуҳишҳои илмӣ ба шогирдон ҳам ҳеҷ гоҳ гузашт намекард ва дар ин маврид “бераҳм” буд.
"Характери мушкил дошт, аммо раҳмдил буд"
Зикриё Акрамӣ, раиси Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт: “Ман Раҳим Масовро аз давраи донишҷӯӣ медонам. Ҳаққи устодӣ доранд. Кумак мекарданд. Тақдир ҳамин тавр шуд, ки мо якҷо кор кардем. Ҳамчун олим покиза, серталаб, ростқавл буданд. Чун ҳар шахсият феъл ва хислати мушкил ҳам доштанд. Аммо дар маҷмуъ инсони раҳмдил буданд”.
Бо он ки Раҳим Масов тамоми умри худро сарфи таъриху илми тоҷик кард ва зоҳиран як нафари доро шинохта мешуд, дар асл зиндагии боҳашамат надошт. Солҳо дар манзили хоксоронае дар маҳалли наздик ба Академияи илмҳо зистааст.
"Хеле зиқ шуда буд"
Солҳои охири умраш ҳам мушкилоту фоҷеаҳои шахсӣ доштааст. Чанд соли пеш духтари 25-солааш фавтид ва се соли қабл ҳамсарашро аз даст дод. Як писараш дар Русия дар муҳоҷирати корӣ аст ва дигараш дар зиндон. Наздикон мегӯянд, вақте дар пайи “як моҷаро” писараш ба ҳабс маҳкум шуд, падар гуфтааст, “бигзор барои амали кардааш ҷазо бубинад” ва пеши касе барои таваллову зорӣ нарафт.
Олуфта Заробекзода, хоҳарзодаи Раҳим Масов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зиндагии хонаводаи ин академик ва ин мусибатҳое, ки вай паси сар кард, ба саломатиаш бетаъсир намонд. “Албатта, барои ҳар як шахс оила муҳим аст, хеле зиқ шуда буд”, - гуфт хоҳарзодаи академик Масов.
Раҳим Масов рӯзҳои ахир аз дарди гурда азият мекашид ва ният дошт, рӯзи панҷшанбе барои ташхис ва омодагӣ ба ҷарроҳӣ ба бемористон равад. Аммо табибон гуфтанд, ки сактаи мағзӣ ӯро аз по афтонд. Мегӯянд, дар ҳалқаи дӯстону шогирдон ҷон дод.
Масов то охирин нафас Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Ба гуфтаи ҳамтоёнаш чанд таҳқиқҳои муҳими таърихии ин олим нотамом мондааст.
Маросими видоъ ва намози ҷанозаи донишманди тоҷик субҳи 22-уми июн дар манзилаш, дар пушти Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, баргузор хоҳад шуд. Сипас ӯро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд.