Раиси ҷумҳури Тоҷикистон даргузашти академик Раҳим Масов, донишманди маъруф ва раиси собиқи Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи илмҳоро ба наздикон ва аҳли илм таслият гуфтааст. Раҳим Масов рӯзи 21-уми июн бар асари сактаи мағзӣ дар 79-солагӣ даргузашт.
Эмомалӣ Раҳмон дар номаи таслияти худ аз ҷумла гуфтааст, “Раҳим Масов дар тӯли ҳаёти бобаракати худ ба омӯзиши таърихи давлат ва миллати тоҷик машғул буд ва аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ, ки паҳлуҳои гуногуни гузаштаи халқи моро инъикос менамоянд, боқӣ гузошт.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Масов дар асарҳои худ саҳифаҳои норавшани таърихи халқи тоҷикро дар асоси манбаъҳои муътамад ва бо дарназардошти воқеияти илмӣ таҳқиқ намудааст.
“Хизматҳои пурарзиши Раҳим Масов дар мавриди шинохти ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ дар хотираи мардуми Тоҷикистон ҳамеша боқӣ хоҳад монд”, - афзудааст президент Раҳмон.