Як таронаи Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони тоҷик ва мудири Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, ки дар он мухолифони тоҷик дар хориҷа танқид шудаанд, дар интернет баҳсеро ба по кард.
Мо танҳо аз камбуди ҳукумат, аз коррупсияву тарзи нодурусти идораи кишвар мегӯем. Мо низ Тоҷикистонро дӯст медорем ва тарафдори рушду сарсабзии кившар ҳастем
Ин овозхон, ки пайваста аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон дифоъ карда, чанд дафъа барои "хушомадгӯӣ" мавриди интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ қарор гирифта буд, дар таронаи “Нанги ватан” мунтақидони дар хориҷбударо “хоин” ва “аҳриман” хондааст.
Бархе аз мухолифони тоҷик дар хориҷа гуфтанд, таронаи нави Афзалшоҳи Шодӣ бахше аз таблиғоти мақомот “зидди мухолифон ва тарҳрезишуда аст”.
Вале худи овозхон Афзалшоҳи Шодӣ рӯзи 19-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ин таронааш дифоъ кард ва гуфт, як гуруҳ тоҷиконе, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ Тоҷикистонро танқид мекунанд.
Ӯ гуфт, “дилашон барои ватан намесӯзад ва ҳамаи Тоҷикистонро ба чашми бад менигаранд. Ҳол онки Тоҷикистон имрӯз обод шуда истодааст, роҳҳо сохта шуданд, туннелҳо, нерӯгоҳҳо сохта шуда истодаанд. Ҳамаи ҳаминро намебинанд, танҳо бадӣ мехоҳанд ва кишварро дар хориҷа бад мекунанд.”
Ин ҳунарманди тоҷик гуфт, ҳадаф аз эҷоди ин тарона маҳз ҳамин гуруҳи мунтақидони кишвар ҳастанд, на ягон гуруҳи мушаххаси сиёсӣ. “Даъвати ман аз онҳоест, ки аз берун ба ҷониби Тоҷикистон санг меандозанд. Тоҷик ҳар куҷое бошад, бояд дилаш барои Тоҷикистон сӯзад, ба кишвар некӣ кунад, якҷоро обод кунад, ёрдам кунад. Дар мусофират Тоҷикистонро танқид не балки обрӯи кишварро баланд бардоранд, номи нек дошта бошанд”, - иброз дошт ӯ.
Овозхони тоҷик гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ назири Фейсбук бештар “гапҳои носазоро дар ҳаққи Тоҷикистон вомехӯрад” ва ин ҳама ӯро ба эҷоди ин тарона водор кард. Афзалшоҳи Шодӣ гуфт, шахсан худи ӯ низ барои тавсифи ватандӯстӣ ва ободиҳои ватан гоҳо мавриди ҳамлаи лафзии мунтақидон қарор мегирад, ҳол онки касе аз онҳоро намешиносад ва боре ҳам ҳамсуҳбат нашудааст.
Шарофиддин Гадоев, яке аз мунтақидони тоҷики муқими Аврупо мегӯяд, танқиди онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миллат ва давлати Тоҷикистон дахл надорад. Ӯ, ки аз таронаи нави овозхони маъруф огоҳ аст, рӯзи 19-уми июн гуфт: “Мо фақат камбудҳои ҳукуматро мегӯем. Чун ҳукуматҳо меоянду мераванд, давлату миллати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Мо танҳо аз камбуди ҳукумат, аз коррупсияву тарзи нодурусти идораи кишвар мегӯем. Мо низ Тоҷикистонро дӯст медорем ва тарафдори рушду сарсабзии кившар ҳастем”.
Гадоев афзуд, ӯ ба ҳунар ва шахсияти Афзалшо Шодиев эҳтиром дорад, аммо ба ин аст, ки ин сурудаи ӯ "самимона набуда", бахше аз таблиғоти давлатӣ зидди мухолифон аст.
Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони маъруфи тоҷик, аз соли 2014 боз раёсати Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраевро бар уҳда дорад. Дар гузашта таронаҳои ӯ дар бораи Самарқанду Бухоро ҳаводорони зиёд дошт.
Ӯ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва дар моҳи феврали соли 2013 дар Русия ҷоизаи "Хиради Миллат"-ро дарёфт кардааст.