Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи мудири ошхонае, ки мурғҳоро зинда дар дег мепухт


Додситонии Суғд алайҳи мудири ошхонаи маъруфи "Муҳаммад", ки мурғҳоро зинда ба зинда дар равғани бирён мепухт, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомот мудири ин ошхонаро барои "таҳия ва фурӯши ғизои ба саломатии инсон зарарнок" айбдор эълон мекунанд.

  • Навори зинда ба зинда дар оби ҷӯш андохтану пар кандани мурғҳо дар ин ошхона моҳи апрели имсол ба шабакаи интернетӣ роҳ ёфт ва миёни корбарон шӯру баҳсҳоеро барпо кард. Вале мудири ошхона мегӯяд, мурғҳоро зинда пару бол намеканданд.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар муддати як солу 4 моҳи ахир дар шимоли Тоҷикистон ба маблағи 3.3 миллион сомонӣ маҳсулоти пастсифат, ки қисмати умдаи он маводи ғизоӣ мебошад, дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Додситонӣ: Парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Муҳаммадалӣ Пардазода, як масъул дар Додситонии вилояти Суғд, гуфт, ташхиси заррабинӣ дар таркиби гӯшти мурғе, ки ин ошхона "дар шароити ғайрисанитарӣ" мепухт, ангезаҳои ба саломатии инсон хавфнок ошкор кардааст. Ӯ афзуд, нисбат ба мудири ошхона Файзулло Алимов парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Додситонӣ мудири ошхонаи "Муҳаммад"-ро бо моддаи 209-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад", муттаҳам намудааст.

Ҷарима ё зиндон

Ин модда ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳои ҳадди ақал (1 нишондиҳанда - 50 сомонӣ), ё то ду сол маҳрум сохтан аз озодӣ ва ба ҳамин мӯҳлат маҳрум кардан аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайянро пешбинӣ мекунад. Дар замони тафтиши парванда, ошхонаи "Муҳаммад", ки миёни сокинон ба номи "Мурғи Ором" маъруф аст, бо қарори мақомот баста шудааст.

Файзулло Алимов, мудири ошхонаи "Муҳаммад" замони тафтиши парванда дар озодӣ ба сар мебарад. Ӯ рӯзи 11-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз моҷарое, ки дари ошхонаи замоне сермуштариашро баст, хеле мутаассиф аст. "Пешниҳоди мақомот умдатан ба кушишхонаи мо дахл дорад. Чунки мо онро сохта, ҳанӯз қошин (кафел) начаспонида будем. Ҳоло мо таъмирашро анҷом додем ва қошинҳои фасон задем", - афзуд ӯ.

Мудири ошхона: Мо ҳам мусалмонем

Алимов дар мавриди наворҳое, ки дар шабакаи ҷаҳонӣ ба гардиш даромад ва дар он мурғҳоро гӯё зинда ба зинда дар оби ҷӯш андохта баъд пар мекананд, гуфт: "Мо ҳама фарзанди муъмину мусалмонем, чӣ хел мурғро накушта, дар оби ҷӯш меандозем? Аввал онро гардан зада, ҳалол мекунем, баъд ба дастгоҳи пару болканӣ меандозем. Вақти ҳалол кардан сару пойҳояшро бурида, аз тан ҷудо намекунем. Баъди пар кардан, онҳоро бурида ҷудо мекунем. Вале аз як навор, ки гӯё мо мурғҳоро накуштаву зинда ба деги оби ҷӯшон меандозем, ошхонаи моро бадном карданд."

Вале дар наворҳо аён аст, ки паркании мурғҳо дар шароити бади беҳдоштӣ анҷом мегирад ва дар кушишхонаи танг гӯшти мурғҳои зери по афтода низ ба назар мерасанд.

Парвандаи алайҳи мудири ошхонаи “Муҳаммад” ҳоло дар додситонӣ мавриди тафтиш қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, Файзулло Алимов мегӯяд, ба ислоҳи ҳолати беҳдоштии ошхонааш ва барқарор кардани маъруфияти пешинаи он саъй дорад ва умедвор аст дари ошхонаашро дубора боз кунад.

"Мурғи Ором" танҳо нест

Дар таҳияи хӯрок дар шароити ғайрисанитарӣ ва аз гӯшти пастсифат ошхонаи “Муҳаммад” танҳо набудааст.

Бино ба иттилои додситонӣ, ҳамчунин дар тӯли камтар аз 1,5 соли охир нисбат ба мудирони тарабхонаи "Фирдавс" (маъруф ба "Белий дом"), мантухонаи "Насиба" ва "Сим-Сим" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мақомот гуфтанд, ин ошхонаҳо низ "ғизоҳоро аз гӯшти бесифат ва дар шароити бад омода мекарданд".

Ин иттилоъ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд, ки рӯзи 8-уми июн дар додситонии вилоятӣ баргузор шуд, садо дод.

47 нафар заҳролуд шуданд, 5 кас фавтид

Бино ба маълумоти расмӣ, дар муддати як солу 4 моҳи ахир дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ба маблағи 3.3 миллион сомонӣ маҳсулоти пастсифат, ки бахши асосии он маводи ғизоӣ мебошад, дарёфт ва мусодира карда шудааст. Дар ин давра 47 сокини вилояти Суғд аз истеъмоли хӯроки заҳролуд ва пастсифат масмум гардида, 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Рӯзи 30-юми декабри соли гузашта декабр як гурӯҳ ҳамсояҳо дар маҳаллаи 19-и шаҳри Хуҷанд аз истеъмоли палав, ки худ таҳия карда буданд, заҳролуд гардида, ба бемористон истиқол дода шуданд ва 4 нафарашон ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи мақомот, таҳқиқи баъдии ҳодиса дар таркиби оши палав миқдори ба саломатии инсон хатарноки "нитрати натрий"-ро ошкор кард. Худи ошпаз низ ба ҳалокат расид ва норӯшан монд, ки ба оши палав кӣ ин моддаи монанд бо намаки оддиро изофа кардааст.

XS
SM
MD
LG