Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги муфаттиши ШКД-и Қӯрғонтеппа аз нав таҳқиқ мешавад


Муҳиддин Зоҳидзода
Муҳиддин Зоҳидзода

Додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҳалокати Муҳиддин Зоҳидзода, муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппаро аз нав тафтиш мекунад. Қарори додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар он гуфта мешуд, Зоҳидзода аз беэҳтиётии худ ҳангоми санҷиши аслиҳа ба ҳалокат расидааст, бекор шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Қӯрғонтеппа панҷ таркиш сабт шудааст, ки яке аз он ҳодисаи террористӣ номида шуд.

Ин муфаттиши идораи умури дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа шоми 1-уми декабри соли 2017 бар асари таркиш дар ҷойи кораш ба ҳалокат расид. Баъдан мақомот гуфтанд, гӯё Зоҳидзода ҳангоми "санҷиши гулӯлаандози истифодааш якдафъаинаи “Муха” аз беэҳтиётӣ ҷон бохт."

Ҷалол Зоҳидов, падари Муҳиддин Зоҳидзода, рӯзи 15-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, хулосаи ташхиси колбадшиносӣ, ки тоза ба он шинос шудааст, нишон медиҳад, тири “Муха” аз пушт ба писараш расида, аз тарафи чапи гарданаш берун шудааст. Бар асоси ин ташхис, фарзияи “бо иштибоҳи худ ба ҳалокат расидан” бекор шудааст.

Ӯ гуфт, “рӯзи 20-уми декабр муфаттиши прокуратураи Қӯрғонтеппа қарор баровард, ки аз беэҳтиётии худаш писари ман ба ҳалокат расидааст. Мо шикоят кардем, 17-уми январ ин қарор бекор карда шуд ва парвандаро додситонии вилоят аз сари нав тафтиш мекунад”.

Дар додситонии вилояти Хатлон низ баррасии дубораи ин қазияро тасдиқ карданд. ​Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон рӯзи 23-юми январ дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ин парванда аз ихтиёри додситонии шаҳрӣ гирифта шуда, мавриди таҳқиқи дубора қарор дода шуд.

Додситони вилояти Хатлон гуфт, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтиш идома дорад.

Ҷалол Зоҳидов, падари муфаттиши ШКД ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар додситонии вилоят ба ӯ гуфтанд, бар асоси моддаи 108-и Кодекси ҷинояӣ, яъне аз “беэҳтиётӣ ба марг расонидан” парванда боз шудааст. ​“Шояд ҳодиса аз беэҳтиётӣ рӯх дода бошад, вале беэҳтиётиро писари ман накардааст. Лаҳзаи ҳодиса дар дохили бино ҳамроҳаш чаҳор нафар будааст. Ду нафар барои супурдани силоҳ наздаш ворид шуда буданд”, - гуфт ӯ.

Муҳиддин Зоҳидзода беш аз чаҳор сол дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси муфаттиш кор кардааст. Ӯ соҳиби ду фарзанд буд.

Дар пайи инфиҷори маводи тарканда дар дохили бинои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қурғонтеппа як нафари дигар низ маҷрӯҳ шуд. ​

Соли 2017 дар шаҳри Қӯрғонтеппа панҷ таркиш сабт шудааст, ки яке аз он ҳодисаи террористӣ номида шуд. Моҳи апрел Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, сокини Қӯрғонтеппа дар паи инфиҷоре дар маркази шаҳр ҷон бохт. Мақомот ин таркишҳоро кори дасти узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” номиданд.

XS
SM
MD
LG