Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибназари Ғоиб раиси телевизиони Хатлон таъйин шуд


Дар Хатлон, сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон, раиси телевизионро иваз карданд ва маҳфилҳои журналистӣ умедворанд, миқёси пахши барномаҳо барои 3 миллион аҳолии минтақа васеътар мешавад.

Ҳамин мавзӯъро борҳо раиси вилоят баррасӣ карданд. Гуфтанд, ки бояд пул ҷудо шавад

Рӯзи 23-юми май, Соҳибназари Ғоибро, ки то ин замон хабарнигори Шабакаи аввали Тоҷикистон дар вилоят буд, ба ҳайси раиси Телевизион ва радиои вилояти Хатлон таъйин карданд. Соҳибназар Ғоиб ҷойгузини Ҳамроҳ Салимов шуд, ки беш аз 10 сол раиси телевизиони вилоятӣ буд.

"Бояд мушкили мавҷро ҳал кунем"

Мавҷи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ба аксар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистону Узбекистон намерасид ва мардуми минтақаҳои дурдаст аз тамошои барномаҳои он маҳрум буданд. Аз ин сабаб бисёре аз мардум барномаҳои телевизионҳои ду кишвари ҳамсояро тамошо мекарданд.

Соҳибназари Ғоиб бо оғози кораш дар телевизиони вилояти Хатлон рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, то ба манотиқи дурдасти вилоят расонидани барномаҳо, аз роҳи тақвияти маввпароканҳои телевизион ва радио аз авлавиятҳои кораш хоҳад буд. "Аввалин кор ҳамин аст, ки бояд мушкили мавҷро аз миён бубарем. Зиёд мехоҳам, ки телевизион ва радиои вилоят дар саросари вилоят қобили шунидан ва дидан бошад", - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

"Моро намешиносанд"

Сӯҳбат дар бораи тақвияти мавҷпароканҳои Телевизион ва радиои Хатлон солҳои зиёд аст, ки идома дорад, вале ба далели молӣ ин барнома иҷро нашудааст. Огоҳ набудани мардум аз барномаҳои телевизион барои хабарнигоронаш ҳам мушкил эҷод мекунад.

Амонҷон Маҳкамов
Амонҷон Маҳкамов

Амонҷон Маҳкамов, хабарнигори собиқи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ба ёд меорад, ки чӣ гуна барои инъикоси ҳодисае ба минтақаҳо мерафтанд, вале мақомоти расмӣ ба онҳо иҷозаи сабту наворгирӣ намедоданд. “Бо ҳамкорон барои наворгирӣ дар шаҳри Норак будем, ки намояндаи ҳукумати шаҳр ба мо гуфт, телевизиони Шумо қобили дидан нест ва дастрасӣ ба иттилоотро ба мо мушкил сохтанд”, - гуфт ӯ ва афзуд, умедвор аст, таъйини хабарнигор ба мақоми раиси мушкилро ҳал мекунад.

Моҳи сентябри соли гузашта Рамазон Оидмаҳмадзода, раиси ноҳияи Шаҳритус, се хабарнигори ин расонаро, ки мехостанд ёдгориҳои таърихии ноҳияро ба навор бардоранд, аз ноҳия пеш кардааст. Ба онҳо гуфтааст, ки “мавҷи ин телевизион дар ноҳия дастрас нест ва Шумо ҳаққи барномасозиро дар ноҳия надоред.”

"Гуфтанд, ки бояд пул ҷудо шавад"

Ноҳияи Қубодиён
Ноҳияи Қубодиён

Тоҷиннисо Шарипова, муовини раиси ноҳияи Қубодиён, гуфт, ки телевизион ва радиои вилояти Хатлон дар ноҳияи онҳо низ қобили дидан нест, вале хабарнигоронро бо дастури хаттӣ қабул мекунанд. "Ҳамин мавзӯъро борҳо раиси вилоят баррасӣ карданд. Гуфтанд, ки бояд пул ҷудо шаваду мавҷаш дар ноҳия пайдо шавад”, - афзуд ӯ.

Телевизион ва радиои вилояти Хатлон соли 1993 дар заминаи радиои вилоятӣ таъсис ёфт ва аз 25-уми августи соли 1994 барнома пахш мекунад. Ҳарчанд аксарияти барномаҳояш барномаҳои таблиғотӣ аст, барномаҳое ба номи “Имдод”, “Инсон ва Қонун”, “Дилошӯб” дорад, ки дар миёни сокинони вилоят маҳбубанд. Аввалӣ дар бораи мушкилоти иҷтимоии мардум аст, дувумӣ дар бораи вазъи ҷурму ҷиноят ва қонун нақл мекунад. Дилошӯб, барномаи истироҳатӣ аст.

XS
SM
MD
LG