Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либоси мактабӣ даҳҳо хонаводаро дар Хатлон қарздор кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Даҳҳо хонавода дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба хотири либоси мактабии фарзандон аз як ширкат беш аз бист ҳазор сомонӣ, муодили ду ҳазор доллари амрикоӣ, қарздор мондаанд.

Шавҳарам ҷойи кор надорад. Модар ҳастам ва мехоҳам фарзандон хубу зебо бипӯшанд. Аммо вақте кору пул нест, аз куҷо пайдо кунем?

Наҳтутӣ, як сокини ноҳияи Шаҳритус, соли гузашта ба хотири либоси мактабии фарзандонаш аз ширкати "Зебо 75" 465 сомонӣ қарздор шуд ва то ба ҳол натавонистааст, ба гуфтаи худаш, аз ин "дарди сар" халос шавад. Мегӯяд, бо наздик омадани поёни таҳсил, масъулони ширкат ва раҳбарияти мактабу маориф аз онҳо хостаанд, ки ҳарчӣ зудтар қарзи худро супоранд.

"Дар ҳашт моҳи гузашта беш аз 250 сомонӣ қарзамро супурдам. Ҳар саҳар фарзандон пеш аз мактабравӣ пули либос мепурсанд. Бақияашро ҳар вақте ёфтем, медиҳем, ҳоло зӯрамон намерасад", - гуфт ӯ рӯзи 13-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Иҷозат диҳанд, либосро худамон бигирем"

Мисли Наҳтутӣ даҳҳо волидон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз ширкати таҳияи либоси мактабӣ – "Зебо 75" – дар ҳоли ҳозир беш аз 20 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Дар аввали соли таҳсил қарзи онҳо ба 800 ҳазор сомонӣ мерасид. Волидон мегӯянд, либоси ягона талаби мактабу маориф аст ва риоя накарданаш метавонад мояи гапшунавии фарзандон ва ё таҳдиди ихроҷ аз мактаб шавад.

Наҳтутӣ, қаҳрамони гузориши мо, се фарзанди мактабхон дорад ва ҳар як либоси мактабиро соли гузашта ба қимати 155 сомонӣ гирифтааст. Аз он метарсад, ки ин қарзашро пурра напардохта, барои соли нави таҳсил қарзи нав зам хоҳад шуд. "Шавҳарам ҷойи кор надорад. Модар ҳастам ва мехоҳам фарзандон хубу зебо бипӯшанд. Аммо вақте кору пул нест, аз куҷо пайдо кунем?" – суол гузошт ӯ.

"Ба хотири риояи либоси ягонаи мактабӣ дар банди қарз мондем. Агар имкон мешуд, либосҳои арзонтар ва мувофиқи кисаи худ мегирифтем ё бо либосҳои куҳна қаноат мекардем, хуб буд", - мегӯяд яке дигар аз волидон, ки нахост номаш бурда шавад.

Мавзӯи ҷаласаҳои ҳукумат

Комил Очилдиев, мудири маорифи ноҳияи Шаҳритус, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ қарзи волидон аз як ширкати таҳияи либосҳои мактабиро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, талош доранд, ин қарзҳоро зудтар супоранд. "Падару модароне ҳастанд, ки пулро сари вақт дода наметавонанд. Чаҳор – панҷ фарзанд доранд ва, воқеан, барояшон душвор аст", - гуфт Очилдиев.

Як мақоми ҳукумати ноҳияи Шаҳритус ҳам мегӯяд, баҳси қарздории волидон барои либоси хонандагон борҳо дар ҷаласаҳои ҳукумат баррасӣ шудааст. Аммо Шаҳло Бурҳонова, раиси ширкати “Зебо 75”, гуфт, онҳо мувофиқ ба ҷайби сокинон либос таҳия карда, ба хотири дастгирӣ ба волидон қарз дода буданд. Ҳоло умед дорад, ки муҳлати пардохти қарз тӯл намекашад ва кори онҳоро ба мушкил дучор наменамояд.

Ноҳияи Шаҳритус
Ноҳияи Шаҳритус

"Дар ғайри сурат, маҷбур мешавем, ки аз ҷойи дигар пул ёфта, то моҳи август корро пеш барем. Ҷамъоварии пул аз волидон хеле мушкил аст”, - гуфт ӯ. Ширкати “Зебо 75” барои хонандагони ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон либоси мактабӣ омода мекунад.

Баҳси беш аз даҳсолаи либос

Дастури либосҳои тавсиявӣ ё ягона барои хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дар соли 2007 аз ҷониби Вазорати маориф тасвиб шуд. Чанд соли пеш тақозо шуд, ки масъулини мактабҳо риояи ҳатмии онро назорат кунанд.

Дар аввал волидон ҳаққи интихоби либос барои фарзандонро доштанд ва онро асосан аз бозорҳо мегирифтанд. Аммо солҳои охир аз волидон хоста шудааст, ки либосҳоро аз ширкатҳои ватанӣ бигиранд ва раҳбарияти мактабҳо яклухт барои хонандаҳо либос фармоиш бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG