Журналистони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои нахустин бор Рӯзи байналмилалии матбуоти озодро якҷоя дар Душанбе таҷлил мекунанд. Қарор аст, ки дар ин нишаст дабири кулли САҲА Томас Гремингер ва муовини ёвари вазири умури хориҷии ИМА дар умури Афғонистон ва Осиёи Марказӣ Ҳенри С. Эншер ширкат ва суханронӣ кунанд.
Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон рӯзи 2-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, нишасти журналистони тоҷик ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод рӯзи 3-юми май бо ширкати 150 журналистони дохиливу хориҷӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, интизор меравад дар кори он намояндагони баландмақоми ҳукумати Тоҷикистон, парлумони мамлакат ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва журналистони аз дохил ва хориҷ ширкат намоянд.
Дар ин нишаст аз Узбакистони Шерпулод Вакилов, сармуҳаррири "Овози тоҷик", Шаҳло Аҳророва, сармуҳаррири барномаҳои "Шоми Самарқанд" ва Шуҳратҷон Хуррамов, хабарнигори "Открития Азия онлайн" ширкат мекунанд.
"Озодии сухан - баҳона барои амният, ё таваккал ба хотири рушду субот?", "Озодии сухан дар шароити қонунгузории муосир дар кишварҳои ОМ ", "Озодии сухан, чолишҳои нав ва имконот. Одобнома дар фазои маҷозӣ" - аз мавзӯъҳои аслии ин нишаст хоҳад буд, ки аз тарафи рӯзноманигорон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Тавре Шаҳло Акобирова гуфт, ҳамчунин масоили муҳимтарини ҳирфавӣ , пайомад ва таъсири расонаҳои нав ба журналистикаи фаъол мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифта, ҷараёни нишаст тариқи шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" ба таври мустақим пахш хоҳад шуд.
Нишаст бо пуштибонии молии САҲА, “Article 19”, Internews ,ТҶ “Хома”, Бунёди Ҷомеаи Кушод, Сафорати Британияи Кабир ва ИМА дар Душанбе баргузор карда мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки бори аввал 3 майи соли 1991 дар пойтахти Намибия- шаҳри Виндҳук таҷлил ва 20 декабри соли 1993 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи байналмилалии матбуоти озод эълон гардид. Пешниҳоди натиҷаҳои Конфронси калонтарини ЮНЕСКО, ки соли 1991 бо номи "Мадад ва таъмин намудани озодии матбуот дар ҷаҳон" доир шуд, барои таҷлили он замина фароҳам овард.
Ҳадаф аз таҷлил, густариш додани гуногунандешиву озодбаёнӣ дар ҷаҳон мебошад ва ҳар сол Рӯзи байналмилалии матбуоти озод таҳти шиорҳои гуногун ҷашн гирифта шуда, бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон конфронсу семинар ва дарсҳои кушод гузаронида мешаванд.