Тими мунтахаби наврасони Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U-15) таҳти раҳбарии мураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Каёсов дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми шаҳрдори Бишкек, ки рӯзҳои 2-4-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, мақоми дувумро касб намуд.
Дар ин мусобиқа, ки ба ҷашни 140-солагии шаҳри Бишкек бахшида шуда буд, ба ғайр аз дастаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ду тим аз Қирғизистон, инчунин дастаи «Велвет»-и Қазоқистон ширкат доштанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), футболбозони навраси тоҷик дар нахустин бозии худ бар тими мунтахаби наврасони вилояти Чуйи Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд. Голҳоро Партулло Хуршедзода, Салоҳиддин Эргашев ва Муҳаммад Аҳмадов ба самар расонданд.
Дар даври дувуми мусобиқа дастаи Академияи футболи ФФТ тими «Велвет»-и Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. Голҳоро Салоҳиддин Эргашев, Азиз Ҳаитов, Суҳроб Сафаров, Давлатбек Акрамов, Муиб Саидов ва Ҳикмат Хайруллозода заданд.
Дар даври охирини мусобиқа футболбозони навраси Академияи футболи ФФТ бо ҳамсолони худ аз тими мунтахаби Бишкек бозӣ карда, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони шаҳри Бишкек, ки дар ҳарсе бозӣ ғолиб омад, бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи ғолиб бо Ҷоми шаҳдори Бишкек ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Футболбозони навраси тоҷик, ки бо 6 имтиёз мақоми дувумро азони худ карданд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.