Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон дар Ҷоми Аврупо дар Португалия медали нуқра гирифт


Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола (Junior European Judo Cup Coimbra 2018), ки рӯзҳои 17-18-уми март дар шаҳри Коимбраи Португалия баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ буд, дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Италия, Португалия, Ҳолланд ва Фаронса ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал Алессандро Магнании итолиёвиро мағлуб кард. Вале Маҳмадбеков дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ёҳонатан Елбаз аз Исроил шикаст хӯрд ва мақоми дувумро касб намуд.

Дар Ҷоми Аврупо дар Португалия 455 варзишгар (287 мард ва 168 зан) аз 25 кишвар иштирок дошт. Дар ҳисоби умумидастаӣ Русия бо касби 8 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ғолиб шуд. Испания бо касби 10 медал (4 тилло ва 6 биринҷӣ) ҷойи дувум ва Ҳолланд бо касби 11 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи севумро гирифтанд.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонони синашон то 21-сола, ки дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Ҳиндустон ва Озарбойҷон, аз Даниел Каргнин (Бразилия) мағлуб гашт. Баъдан ӯ дар даври тасаллобахш Рока Касес Салвадори испаниягиро шикаст дод. Маҳмадбеков дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Яъқуб Ҷаводов (Озарбойҷон) пирӯз шуд ва мақоми севумро касб кард.

XS
SM
MD
LG