Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" нархи чиптаҳояшро аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба Тоҷикистон то 55 дарсад арзон кардааст.
Марина Корпенко, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми март гуфт, нархи чиптаҳо асосан аз ду шаҳр Маскав ва Санкт- Петербург ба шаҳрҳои Тоҷикистон арзон шудаанд.
"Айни замон арзонтарин чипта дар масири Маскав- Хуҷанд аст, ки мусофирон бо 4000-4200 рубли русӣ метавонанд ин чиптаро харидорӣ кунанд",- гуфт Марина Корпенко. Корпенко гуфт ҳанӯз маълум нест ин нархо то кай арзон боқӣ мемонанд.
Ширкати "Уралские авиалинии" аз шаҳрҳои бузурги Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Красноярск, Самара ба се шаҳри Тоҷикистон -- Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд парвозҳо анҷом медиҳад.
Зимнан, 4 рӯз қабл ҷониби Тоҷикистон ба як парвози ин ширкат дар масири нави Перм- Душанбе иҷозат надод ва ин парвоз лағв шуд. Ин ҳолат боиси нигаронии Русия шуд. Вазорати нақлиёти Русия ба Тоҷикистон таҳдид кард, ки ба ин парвоз иҷоза бидиҳад, вагарна парвозҳои ширкатҳои Тоҷикистонро маҳуд мекунад.
Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ширкати "Уралские авиалинии" муқаррароти дарёфти иҷозатномаро аз Тоҷикистон дарёфт накарда, ба мусофирон чипта фурӯхтааст. Иддаои дигари Тоҷикистон ин аст, ки бо кушода шудани парвозҳои "Уралские авиалинии" дар ин масирҳо меъёри паритет ва ё баробарӣ дар парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ду ширкат вайрон хоҳад шуд.
Аммо Марина Корпенко гуфт, парвозҳои ширкат дар масирҳои маъмулии қаблан тасдиқшуда "Уралсикие авиалинии" тибқи реҷаи маъмулӣ анҷом дода мешаванд. Ширкати "Уралские авиалинии" аз шаҳрҳои бузурги Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Красноярск, Самара ба се шаҳри Тоҷикистон Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд парвозҳо анҷом медиҳад.