Бо қарори раиси шаҳри Душанбе рӯзҳои 21-31 март дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқот оид ба гуштии миллӣ, аспдавонӣ ва теннис барои Ҷоми "Пойтахт-2018" баргузор хоҳад шуд.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе мегӯянд, рӯзи 26-уми март, соати 14:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мусобиқоти бози гуштии миллӣ бо ширкати зӯртарин паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар барпо мегардад.
Дар «Наврӯзгоҳ» рӯзи 31-уми март, соати 14:00 пойгаи аспдавонӣ бо ҷалби аспсаворони беҳтарин ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ доир хоҳад шуд.
Аз 21-ум то 24-уми март мусобиқоти теннис миёни наврасон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2018» дар «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе, Майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва майдони тенниси маҷмааи варзишии «Тоҷварз» баргузор мешавад.
Барои гузаронидани ин мусобиқаҳо аз буҷаи шаҳрдорӣ 178825 сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст. Бо тасмими шаҳрдорӣ мақомоти дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз вазифадор шудаанд.
Бояд гуфт, ки бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба ғайр аз гуштии миллӣ, аспдавонию бузкашӣ, инчунин баргузории мусобиқоти идона аз рӯи намудҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, дастхобонӣ, тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмоту шашка ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст.