Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Хоҷаназаров: "Ташхис нишон дод, ки писарам шиканҷа шудааст"


Шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт
Шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт

Парвандаи марги Комил Хоҷаназаров, як сокини ноҳияи Ашт, ки соли гузашта пас аз боздошту раҳоӣ аз тарафи маъмурони милисаи вилояти Суғд худкушӣ карда буд, муҳри махфӣ гирифтааст.

  • Манобеи корҳои дохилии Суғд мегӯянд, ки ҳоло тафтиши қазия ҷараён дорад. Ва ба қавли як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии минтақа, ду корманди ин ниҳод "таҳти шубҳа ҳастанд" ва "мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд".

"Вакили дифоъ нагирифтем"

Ҳар падаре, ки писарашро гум мекунад, чӣ эҳсос дорад? Фарзандро калон мекунӣ, аммо кор як рӯз ба ин шакл тамом мешавад. Азият мекашед.

Мурод Хоҷаназаров, падари Комил Хоҷаназаров, рӯзи 6-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо сабаби муҳри махфӣ гирифтани парванда ҳақ надорад дар бораи ҷараёни тафтишот маълумоти бештар диҳад. Аммо гуфт, ташхиси ҷасад нишон дод, ки фарзандаш шиканҷа шудааст.

Хоҷаназаров, ки дар Додгоҳи ноҳияи Ашт кор мекунад, гуфт, дар парвандаи марги писараш вакили дифоъ нагирифтанд ва дар сурати зарурат худаш ба ҳайси ҳуқуқдон баромад хоҳад кард. Вай гуфт, хабар надорад, ки оё дар робита ба ин ҳодиса касе боздошт шудааст, ё не, аммо афзуд, Комил фарзанди дувуми хонавода буд ва дарди аз даст доданаш хеле сахт аст.

Баъди мамнӯияти ҲНИТ даҳҳо узви раёсат ва тарафдоронаш боздошт ва баъзеи онҳо зиндонӣ шуданд
Баъди мамнӯияти ҲНИТ даҳҳо узви раёсат ва тарафдоронаш боздошт ва баъзеи онҳо зиндонӣ шуданд

"Ҳар падаре, ки писарашро гум мекунад, чӣ эҳсос дорад? Фарзандро калон мекунӣ, аммо кор як рӯз ба ин шакл тамом мешавад. Азият мекашед. Парванда муҳри махфӣ дорад барои ҳамин бо Шумо дар ин бора суҳбат карда наметавонам", - афзуд ӯ. Мурод Хоҷаназаров бо ду писару як духтари дигараш дар шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт, зиндагӣ мекунад

Комил Хоҷаназаров, ба қавли наздиконаш, дар ягон донишгоҳ таҳсил накарда буд. Вай гӯё соли 2014 ба сафи ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ пайваста, соли 2015, пеш аз онки расман аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шавад, тарк карда будааст.

Худкушӣ як рӯз пеш аз бозпурсии дубора

Комил Хоҷаназарови 31-сола тобистони соли гузашта ҳамроҳ бо 15 узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт шуда, баъди чанде озод гардид. Аммо 28-уми август, як рӯз пеш аз онки ба бозпурсии дубора ба Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, биравад, даст ба худкушӣ зад. Аксари онҳое, ки дар ноҳияи Ашт боздошт мешаванд, барои бозпурсӣ ва баррасии парвандаашон ба Хуҷанд интиқол меёбанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2015 фаъолияти ҲНИТ-ро мамнӯъ кард ва ин ҳизбро террористӣ номид
Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2015 фаъолияти ҲНИТ-ро мамнӯъ кард ва ин ҳизбро террористӣ номид

Вай дар як навори пеш аз худкушиаш нақл кардааст, ки замони дар боздошт будан шиканҷа шуд ва маъмурони пулис танҳо дар сурати гирифтани маблағ раҳояш карданд. Инчунин, ба нақли ӯ, маъмурони пулис баёноташро, ки соли 2014, яъне дар замони фаъолияти қонунии ҲНИТ ба сафи ин ҳизб даъват шуда буд, бо зӯр ба соли 2016, яъне пас аз як соли баста будани ин ҳизб иваз кардаанд.

Иддаои пеш аз марг ва сукути мақомот

Ин сокини Ашт дар навори пеш аз худкушӣ нақл кардааст, ки бо ин ҳам азобаш поён наёфт ва маъмурони милиса ҳар дафъа ба бозпурсӣ даъват карда, таҳти фишор қарор медиҳанд.

Мақомоти расмӣ бо гузашти ҳашт моҳ аз ин ҳодиса дар ин бора расман маълумот надода, ин иддаои Комил Хоҷаназаровро таъйид ё рад накардаанд. Падари Комил Хоҷаназаро ҳам мегӯяд, анҷоми тафтишотро интизоранд, ки мӯйро аз хамир ҷудо ва омилони марги писарашро муҷозот кунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG