Додситонии вилояти Суғд намегӯяд, ки чӣ гуна беш аз 400 нафари доро дар ин минтақа ба феҳристи афроди эҳтиёҷманд ворид шуда, аз ҳукумат ёрӣ дарёфт кардаанд. Аммо Ҳабибулло Воҳидов – додситони Суғд ҳафтаи гузашта дар сӯҳбаташ бо хабарнигорон гуфт, ки ин афрод алакай ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида шуда, номашон низ аз рӯйхати афроди ниёзманд ба кумак ҳазф гардидааст.
"447 нафар дар рӯйхати шахсони эҳтиёҷманд ворид шуда буданд, ки дар асл ниёзманди кумак набуданд. Бо пешниҳоди додситонҳо номи ҳамаашон аз феҳристи одамони дастнигар бардошта шуд," -- шарҳ дод Воҳидов. Додситони Суғд ному насаби афроди "ниёзманд"-ро ошкор накард ва танҳо гуфт, ки аз ин ба баъд иҷоза нахоҳанд дод, то пули буҷаи Тоҷикистон ба корҳои беҳуда харҷ шавад.
Ҳабибулло Воҳидов чанд моҳи пеш додситони вилояти Суғд таъин шудааст. Ӯ то ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки дар он махсусан додситонҳо мавриди интиқоди шадиди раисиҷумҳур қарор гирифтанд, ба ҳайси муовини додситони кулл фаъолият дошт. Баъд аз ин ҷаласа ӯ ва ҳамроҳонаш аз мақоми худ барканор гардида, чанд муддат бе кор буданд, аммо дубора ба мақомҳои додситонӣ дар шаҳру навоҳии кишвар таъин гардиданд.
"Шикор"-и одамони дорое, ки аз давлат кумак мегиранд, баъд аз ҷаласаи ҳукумат дар моҳи январи соли ҷорӣ ва эълони номи чанде аз мақомдорони собиқ, аз ҷумла Амонуллои Ҳукуматулло, ки пули ҳангуфти бознишастагӣ дарёфт мекардаанд, шиддат гирифт. Абдуфаттоҳи Ғоиб, ҳоло раиси Хадамоти гумрук ва собиқ раҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 26 январ дар нишасти хабариаш гуфт, ки аз ҳисоби гирифтани нафақаҳои маъюбии ғайриқонунӣ ба ҷайби ҳукумат 14 миллиону 718 000 сомонӣ, муодили 2,7 миллион доллар зарар раисдааст ва ин миллионҳо сомонӣ бояд хазинаи давлат баргардонда шавад.
Раиси пешини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ин маврид аз Амонулло Ҳукуматулло - раиси пешини Роҳи оҳан ва Наталя Назаршоева – масъули собиқи “Тоҷиксодиротбонк” ном бурд, ки ба иттилои ӯ, дувумӣ 17 ҳазор сомонӣ нафақа доштааст.
Баъд аз ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба санҷиши ҳуҷҷатҳои мансабдороне пардохт, ки ба далели маъюбияшон нафақаи ҳангуфт дарёфт мекунанд.
Вале раҳбарияти Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар нишастии хабарии 13 июл гуфтанд, ки соҳибони нафақаҳои “осмонӣ”, аз ҷумла Амонулло Ҳукуматулло ҳанӯз ҳам ҳамон маблағи пешинро дарёфт мекунанд, “зеро қонун қувваи бозгашт надорад”. Абдураҳмон Ҳакимов, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гуфт, ин кор танҳо дар пайи хулосаи нави ташхиси тиббӣ имконпазир буда, аммо то кунун барои онҳо маълум нест, ки соҳибони нафақаҳои “осмонӣ” аз ташхиси дубора гузаштаанд, ё не?
“Феълан дар кишвар бархе шаҳрвандон то 15-17 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд, ки бисёрашон соҳибкор мебошанд,” -- гуфт Ҳакимов. Ӯ афзуд, ин нафақаҳои ҳангуфт то моҳи апрели соли 2012 таъин шудаанд.
Дар гузашта бархе аз сокинони корафтода аз сӯистифодаи мақомдорон аз мартаба ва тавоноиҳояшон шикоят карда, борҳо ин мавзӯъро ба саҳифаи матбуот низ кашонда буданд. Сокинон иддао мекарданд, ки бархе аз мақомдорони тоҷик ёриҳоеро, ки ба номи афроди нодору камбизоат ва осебдида ирсол мешавад, ба номи худу наздиконашон сабт карда, “амонат”-ро то ҷойи зарурияш намерасонанд. Иддаое, ки дар оғоз аз сӯи мақомот рад шуда, баъд аз дахолати раисиҷумҳур ба ин масъала ҳоло рӯи об баромадааст.