Беш аз 30 сокини вилояти Суғд, ки дар солҳои гузашта бо ибрози пушаймонӣ ва кумаки мақомот аз Ироқу Сурия ба ватан омада буданд, дубора ба майдонҳои ҷанг дар Сурия ва кишварҳои дигари ҷангзада баргаштаанд. Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд, дар нахустин нишасти хабариаш рӯзи 2-юми феврал гуфт, дар маҷмуъ 72 нафарро ба ватан оварда буданд.
Ҳамоиши теъдоди ҷангҷӯёни тоҷик ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлат исломӣ” дар Ироқу Сурия дар соли 2014 шурӯъ шуд ва соли 2015 ба авҷи худ расид.
“Аз ин ҳисоб 38 нафар дар Тоҷикистон монданд ва зиндагии осоишта доранд. Дигарон дубора ба кишварҳои ҷангзада рафтанд”, - афзуд ӯ.
Қудратулло Назарзода мегӯяд, ҳар нафаре, ки бо ихтиёри худ аз Сурияву Ироқ ба вилоят баргашт, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашуд. Ӯ гуфт, “танҳо нисбат ба як нафаре, ки ихтиёрӣ омад, вале дубора ба таблиғу даъвати сокинон (барои иштирок дар ҷанги кишварҳои бегона, назири Сурия) сар кард, парвандаи ҷиноӣ боз кардем.”
Навори видеоӣ дар инҷост:
Яке аз нафароне, ки бо ихтиёри худ ҳамроҳи ҳамсар ва ду кӯдакаш аз Сурия фирор кард ва худро ба Тоҷикистон расонд, Алишер Қодирқулов, сокини 25-солаи ноҳияи Ашт аст. Ӯ баъд аз якуним соли зиндагӣ дар қаламравҳои таҳти назорати гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ берун омадааст. Қодирқулов иддао дорад, ки моҳи сентябри соли 2016, пас аз саргардонӣ ва пушти сар кардани даҳшатҳо, бо ёрии як марди дӯкондори туркмани муқими Сурия худро ба марзи Туркия расонд ва моҳи феврали 2017 имкон ёфт ба Тоҷикистон баргардад.
Мақомоти тоҷик баъд аз санҷишу таҳқиқ ӯву ҳамсарашро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карданд. Алишер Қодирқулову ҳамсараш мегӯянд, ҳангоми фирор шиносномаву зодномаҳои кӯдаконро гум карданд. Онҳо бо ёрии мақомоти милиса дар кишвар дубора шиноснома ва зодномаҳои нав шуданд.
Бахтиёр Насруллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, мушкили ҷангӯёни баргашта аз Сурияву Афғонистон ва кишварҳои дигари ҷангзада “ақидавӣ” аст, то иҷтимоиву иқтисодӣ. Ӯ рӯзи 2-юми феврал гуфт, “ба дараҷае онҳоро мағзшӯӣ кардаанд ки аз ҳамон доира берун омаданашон хеле мушкил аст.”
Вале коршиносони дигар назари дигар доранд. Ба қавли онҳо, бояд ин гурӯҳи сокинон бо ҷои корӣ таъмин шуда, ба маслиҳату табобати бепул фаро гирифта мешуданд.
Бино ба маълумоти пулиси Суғд, дар ҳоли ҳозир беш аз 1000 сокини минтақа таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ ва беш аз 600 нафари онҳо ба гумони содири ҷиноятҳои марбут ба экстремизм ва терроризм қарор доранд. Мақомоти пулиси Суғд, шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Исфара, Ашт, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуровро аз минтақаҳои “осебпазир” дар муқобили густариши тундгароӣ меноманд.
Ҳамоиши теъдоди ҷангҷӯёни тоҷик ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлат исломӣ” дар Ироқу Сурия дар соли 2014 шурӯъ шуд ва соли 2015 ба авҷи худ расид. Мақомоти тоҷик дар соли 2015 ба Кодекси ҷинояӣ банди махсусеро илова карданд, ки бар асоси он ҷангҷӯёне, ки ихтиёрӣ ба ватан бармегарданд, афв хоҳанд шуд. Чандин нафар бар пояи ин амр аз таъқиби додгоҳӣ раҳоӣ ёфтанд.