Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Шоҳмурод бародарашро ба мақомот супурд? ВИДЕО, САДО


Ботирхон Кавраков.
Ботирхон Кавраков.

Додгоҳи вилояти Хатлон ахиран аз рӯи даъвои ғайримуқаррарие ҳукм содир кард. Бар асоси шикояти як ҷавон, бародари хурдиаш, ки дар Маскав ба тарғиби ақидаҳои гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" ва сафарбарии ҷангиён ба Сурияву Ироқ машғул буд, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, боздошт ва ба зиндон маҳкум шуд.

Моҷарои хонаводаи Кавраковҳоро ҳеҷ нафаре дар ноҳияи Данғара яксон баҳо намедиҳад, вале Шоҳмурод Кавраков бовар дорад, ки рӯзе мерасаду волидон ва худи Ботирхони маҳкумшуда ба зиндон, дурустии кори ӯро эътироф мекунанд.

Шоҳмурод мегӯяд, баъди мурофиаву ҳукми дувоздаҳуним соли зиндони Ботирхон, волидон ба хонаи ӯ намераванд. Онҳо писари калониро бахшида наметавонанд.

Додгоҳи вилояти Хатлон охири моҳи июл сокини деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара – Ботирхон Кавракови 33-соларо аз рӯи се модда -“ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ” (307, прим. 3 қисми 1), “хабар надодан дар бораи ҷиноят” (347, қисми 1) ва “зархаридӣ” (401, прим. 1), гунаҳгор эълон кард. Ботирхон Кавраков рӯзи 14 январ боздошт шуд ва таҳқиқи парвандаи ӯву мурофиаи додгоҳиаш ним сол идома дошт.

Худи маҳкумшуда дар додгоҳ танҳо аз рӯи як модда -- “ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ”-ро эътироф карда дигар гуноҳҳоро рад намудааст. Додгоҳ тамоми иттиҳомоти зидди Ботурхон Кавраковро исботшуда хонда, ӯро ба мӯҳлати 12,5 сол маҳкум ба зиндон кард.

Чаро Шоҳмурод бародарашро ба мақомот супурд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:02 0:00
Линки мустақим

Додраси парванда Ғиёсиддин Мирзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Ботирхон Кавраков шурӯъ аз соли 2015 дар Маскав ҳамроҳ бо ду ҳамватани дигараш, ки яке ҳамсинфаш будааст, бо ҷалбу даъвати муҳоҷирон ба ҷанги Сурия ва Ироқ машғул буд. Додрас сӯҳбатҳои телефонии бародаронро чунин бозгӯ кард:

Ғиёсиддин Мирзода.
Ғиёсиддин Мирзода.

“Вай (Ботирхон) ба бародараш мегӯяд, ки “биёед, ҳамроҳ биравем. Шумо (дар артиш) хизмат кардаед, шояд дар он ҷо як шахси воломақом шавед”. Бародараш (Шоҳмурод) ба ӯ мегӯяд, ки “гапҳои ту нодуруст аст, он ҷо ҳеҷ ҷиҳоде нест, аз ин роҳат бигард”. Вақте Ботирхон ба Тоҷикистон баргашт, бародараш бо мақсади ин, ки дигар одамонро ҷалб накунад, аз мақомот хоҳиш кард, ки бо ӯ сӯҳбат кунанд. Баъди санҷидани ин қазия нисбаташ парванда боз шуд”, гуфт додрас Ғиёсиддин Мирзода.

Ин ҳарфҳоро Шоҳмурод Кавраков ҳам тасдиқ кард ва гуфт, тасмими ӯ барои пешгирӣ аз фаъолиятҳои аз назари ӯ хатарноки бародараш дуруст ва оқилона буд. Вай гуфт, ҳарчанд ҳеҷ нафаре аз наздикон, бахусус волидонаш ӯро дастгирӣ накарда, баръакс ӯро барои ба зиндон андохтани бародараш маҳкум мекунанд, ӯ аз кардааш пушаймон нест.

Шоҳмурод Кавраков
Шоҳмурод Кавраков

Шоҳмурод Кавракови 38-сола ҳуқуқшинос аст, вале аз рӯи ихтисосаш натавонистааст кор пайдо кунад ва ҳоло бо харбузапарварӣ машғул аст. Вай мегӯяд, тамоми талоши ӯ ин буд, ки Ботирхонро аз роҳи бад баргардонад. Ба гуфтаи ӯ, Ботирхон дар Маскав дар корҳои марбут ба сохтмон кор мекард. Зоҳиран дар ҳамон ҷо бо афроде шинухез дошт, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ақидаҳои онҳо таваҷҷӯҳ доштаанд.

Нишонаҳои нахустини тамоюли хатарноки додар ба ин гурӯҳи дар Тоҷикистону Русия мамнӯъро соли 2015 мушоҳида кардаст. Шоҳмурод мегӯяд, ӯ, ки таҳсилкардаву огоҳ буд, талош кард сари вақт фикри додарро аз афкори иштибоҳӣ тоза кунад, вале муваффақ нашуд. Мегӯяд, Ботирхон зери таъсири як ҳамсинфи дигараш (Нуриддин Кенҷаев) ба рӯйдодҳои Сурияву Ироқ таваҷҷӯҳ дошт.

Бовар дошт, ки дар ин қаламрав ҷанг зидди мардуми мусалмон идома дорад ва ӯ омода буд ба “ҷиҳод” бипайвандад. Дар телефонаш сабтҳои видеоии даъват ба ҷангро пайдо кард ва аз фикру андешаҳои бародаш мушавваш шуд. Аз рӯи иттилои Шоҳмурод, дар Русия Ботирхон тавонистааст ду тоҷикистонии дигар - Абдуназар ва Чориқулро мутақоид кунад, ки ба ҷанг бираванд. Шоҳмурод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз сӯҳбатҳояш бо Ботирхонро дар шаҳри Маскав дар ду соли пешчунин бозгӯ кард:

“Гуфт, ту равӣ, ман ҳам меравам. Баъдан ман додарамро ҷанг кардам, ки ту намеравӣ ва ман ҳам намеравам. Ҳамин тавр 19-уми январи 2015 ба Тоҷикистон парвоз карда омад. Ман ба модарам гап задам, ки ҳамингуна суханҳо гуфта истодааст, ки “ту ҳам меравӣ, ман ҳам меравам. Модарам маро ҷанг кард, ки на ту меравӣ ва на вай”.

Чаро Шоҳмурод бародарашро ба мақомот супурд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Ба гуфтаи Шоҳмурод, баъди ин ба Маскав баргашту дар як сӯҳбаташ бо падар моҳи сентябри соли 2016 дубора атрофи “Давлати исломӣ” сӯҳбатҳо кард. Ба гуфтаи Шоҳмурод, “Ботирхон дар давраҳои бад нишаста, фикраш ба Сурияву Ироқ ва Абубакр Бағдодӣ банд буд. Баъдан додарам ба падарам телефон кард. Падарам бародарамро пурсид, вай фиреб кард ва гуфт, ки “ота, ман аз телефон мебинаму, лекин алоқа надорам. Баъдан вақте бародарам аз Маскав омаданӣ шуд, ман пеши раиси маҳалла рафтаму гуфтам, ки фикраш ҳамин гуна буд. Раиси маҳалла ба кормандони амният гуфтааст ва маро фарёд карданд”.

Шоҳмурод: "Дуруст амал кардам"

Шоҳмурод мегӯяд, баъди ин ҳодиса додараш дастгир шуд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ Шоҳмуродв ба ҳайси шоҳид баёнот дод. Баъди ин ҳама худи ӯ зери фишори волидону наздикон қарор гирифт, бархе ӯро хоин номиданд.

Вале ӯ мегӯяд, бовар дорад, ки рӯзе ҳамаи онҳо дурустии кори ӯро хоҳанд фаҳмид: “Ман барои пешгирӣ ин корро кардам, то додарам наравад. Тарсидам, ки аз додарам ҷудо мешавам. Ғамхорӣ карда, ин корро кардам, ҳоло ҳамаи одамон маро бад мебинанд. Лекин ба ман фарқ надорад. Ман бародарамро дӯст медорам, мехостам, ки дар барам бимонад ва дар Тоҷикистон бошаду дар ҷои бегона мурда наравад ва ҳатто мурдаашро баъд ёфта натавонем".

Шоҳмурод умедвор аст, ки рӯзе дар мулоқот бо додараш дар зиндони Душанбе метавонад рӯбарӯ бо ӯ сӯҳбат карда, ба ӯ дурустии аъмоли худро фаҳмонад. Аз содир шудани ҳукми додгоҳ дар нисбати ду моҳ мегузарад ва ҳанӯз ҳеҷ кас аз хонагиҳо ӯро надидааст.

Озурдагии волидон

Шоҳмурод мегӯяд, баъди мурофиаву ҳукми дувоздаҳуним соли зиндони Ботирхон, волидон ба хонаи ӯ намераванд. Онҳо писари калониро бахшида наметавонанд. Вай гуфт, бо ин вуҷуд худаш аз ҳоли волидонаш ҳар сари чанд вақт хабар мегирад. Модар ҳамоно ашк мерезад ва бовар дорад, ки писари хурдӣ ҳеҷ нияти бад надошт. Ҷоноро Боронова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш Ботирхон Кавраков тоза аз Маскав омада буд, ки баъди ду рӯзаш дастгир шуд.

Ҷоноро Боронова.
Ҷоноро Боронова.

“Ростӣ, ман намедонам бачаам чӣ иштибоҳ кардааст, аммо ӯро акааш дод. Бачаи ман ба роҳи ганда нарафта буд, аммо чӣ коре кард, ки акааш медонад. Бачам аз соли хатми мактабаш Русия мерафт, меомад ва ҳамон ҷо хона буд кард. Акааш ҳамроҳаш дар Маскав буд, якҷо меистод ва алоҳида ҳам истода кор кардагианд. Мо рафта дар суд аз ӯ пурсидем. Ботирхон ба мо гуфт, ки “ман ба ин роҳ гаштагӣ нестам”.

Ҳамсари Ботирхон: "Меҳрубон буд"

Ботирхон Кавраков падари се фарзанд буда, баъди зиндонӣ шудани ӯ тарбияи онҳоро ба дӯши волидон ва ҳамсари ҷавонаш Замира Хоҷамқулова мебошад. Ҳамсараш ҳам мегӯяд, дар 8 соли зиндагии муштарак дар кору рафтори шавҳар ҳеҷ аъмоли баду машкуке мушоҳида накардааст.

Вай гуфт: "Ҳамсарам одами хуб буд, ҷангам намекард. Соли 2010 маро ҳамроҳаш бурд ва куҷое мерафт, маро ҳамроҳаш мебурд, ҳатто то ҷои кораш рафтам. Дар Маскав кораш чоҳканӣ ва боғбонӣ буд. Дар суд маро низ пурсидан, ки ягон маротиба сурат ё ягон чиз нишон медод, ростӣ, ягон маротиба ҳамингуна чизҳоро ба ман нишон надода буд."

Тоҷикон дар сафҳои ДИИШ

Мақомоти Тоҷикистон, ки дар ду соли охир бар зидди ақидаҳои ифротӣ ва ҳам пайвастани шаҳрвандон ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” таблиғоти ҳамаҷониба мебаранд, аз ҷумла бо кӯмаки ҷангиёни пушаймоншуда тавассути телевизион ва мулоқоти маҳал ба маҳал талош мекунанд зеҳни сокинонро аз ақидаҳои ифротӣ пок кунанд. Онҳо мегӯянд, на камтар аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон, бархе ҳамроҳ бо ҳамсару фарзандонаш ба Сурияву Ироқ рафта ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шудааст.

Қонун барои баргаштаҳои пушаймоншуда - афв ва барои зархаридону мубаллиғон – мӯҳлати тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар аксари ҳолатҳо шаҳрвандон бо таблиғу даъвати дӯстону ҳамватанони дигар ва ё муҳоҷирон дар Русия ба ин ақидаҳо дода шудаанд. Вале то ҳол ҳеҷ мавриде нашудааст, ки наздикони огоҳ аз нияти хешовандони ҷангҷӯяшон пеши роҳи онҳоро аз ин сафари хатарнок гирифта бошанд.

XS
SM
MD
LG