Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти духтари рус муҳоҷири тоҷикро аз пой афтонд. ВИДЕО


Собир Хаспаллаев, шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон
Собир Хаспаллаев, шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон

Собир Хаспаллаев, муҳоҷири 31-солаи тоҷик, ки моҳи декабри соли гузашта як духтари русро аз дарёи Яузаи Маскав берун кашид ва аз марг наҷот дод, ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад.

Ба ӯ наздики як соат лозим шуд, духтари ношинос ва беҳушро аз дохили рӯдхона ва бо кумаки атрофиён берун кашад.

Ин муҳоҷири тоҷик рӯзи 19-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки муддати тӯлонӣ дар оби сард истоданаш ба саломати ӯ таъсир гузошт. "Баъди як ҳафтаи ҳодиса дарди сахти пой азобам дод. Бо кумаки хабарнигорони нашрияи "Мой Район"-и Маскав аз ташхиси комили пизишкон гузашта, мунтазири ҷарроҳӣ ҳастам", - афзуд ӯ.

  • Барои онҳое, ки нияти кумак ба Собир Хаспаллаевро доранд:
  • 5469380033507400, “Сбербанк” (Елена Лубина, ҳамсари Собир Хаспаллаев)

Табибон ба Собир Хаспаллаев гуфтаанд, ки "бинобар дар оби сард истоданаш, пой ва ҷигари ӯро сармо задааст". "Онҳо мегӯянд, агар ҷигарро фаврӣ ҷарроҳӣ накунем, гӯшт мегирад ва оқибати ногувор дорад”, - гуфт муҳоҷири тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Вале барои анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ Собир Хаспаллаев ба 300 ҳазор рубли русӣ ё 5 ҳазор доллари амрикоӣ зарурат дорад. Барои кумак ба Собир Хаспаллаев суратҳисоби махсус боз шудааст ва ӯ умед дорад, ки афроди хайрхоҳ барои ҷамъоварии пули ҷарроҳиаш кумак хоҳанд кард.

Гузориши видеоӣ аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Матбуоти Русия некии Собирро гуфт, ному ватанашро пинҳон дошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Собир Хаспаллаев мегӯяд, бо гузашти якуним моҳ аз ҳодиса духтари русе, ки ӯ наҷот дода буд, боре ҳам ба суроғаш наомад ва тамос нагирифт. Ҳарчанд, ба гуфтаи Собир, ҳаргиз аз ин духтар подошеро интизор надошт ва амалаш “кори хайр дар роҳи Худо буд”. Ӯ гуфт, "ин духтар медонад, ки ман ӯро наҷот додам, вале ягон бор занг назад. Ман ҳаргиз аз ин амали худ пушаймон нестам. Зеро ман мусулмонам ва аз роҳи эътиқод худро ба оби сард андохтам ва ӯро наҷот додам."

Ба нақли Собир Хаспаллаев, баъд аз ҳодисаи 5-уми декабри соли гузашта ва нашри матлаби Радиои Озодӣ дар бораи ӯ, рӯзноманигорони нашрияи “Мой Район” бо вай тамос гирифтанд ва аз вазъи саломаташ пурсиданд. "Вақте гуфтам, ки ҳолам хуб нест, вале барои ташхис пул надорам, ин нашрия бо масъулони яке аз бемористонҳо сӯҳбат кард ва маро ройгон ташхис намуданд. Ҳоло нашрия ваъда дод, ки барои ҷамъоварии маблағи ҷарроҳӣ бароям кумак мекунад", - афзуд ӯ.

Собир Хаспаллаев, сокини ноҳияи Вахши Тоҷикистон, як соли пеш барои пайдо кардани кор ба Русия рафт ва ба тиҷорат машғул аст. Шоми 5-уми декабри соли 2017 ӯ дар яке кӯчаҳои марказии Маскав ронандагӣ мекард, ки мошини сабукраве дар ях лағжид ва ба рӯдхонаи Яуза афтод. Чанд мошин дар ҷойи ҳодиса истоданд ва ронандагону мусофирон доду фарёд бардоштанд, ки ронандаро бояд наҷот диҳанд. Касе ҷуръати ворид шудан ба оби сард накард, аммо Собир либосҳояшро кашиду худро ба об андохт.

Ба ӯ наздики як соат лозим шуд, духтари ношинос ва беҳушро аз дохили рӯдхона ва бо кумаки атрофиён берун кашад. Баъд аз онки табибон ба маҳалли ҳодиса омаданд, ба ӯ гуфтанд, “агар духтар 1 ё 2 дақиқаи дигар дар дохили об мемонд, ҳалок мешуд.

Дар аввал матуботи Руси дар ин бора хабар пахш карда, вале номи наҷотдиҳанда ва аз Тоҷикитсон будани ӯро нагуфтанд. Баъди онки Радиои Озодӣ ин қаҳрамонии муҳоҷири тоҷикро ошкор кард, даҳҳо расонаҳои Русия дубора ба ин мавзӯъ баргашта, суроғи Хаспаллаевро гирифтанд.

XS
SM
MD
LG