Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қаҳрамонии муҳоҷири тоҷикро пинҳон дошт. ВИДЕО


Собир Хаспаллаев
Собир Хаспаллаев

Собир Хаспаллаев аз ноҳияи Вахши Тоҷикистон шоми 5-уми декабр дар яке кӯчаҳои марказии Маскав ронандагӣ мекард, ки мошини сабукраве дар ях лағжид ва ба рӯдхонаи Яуза афтод. Чанд мошин дар ҷойи ҳодиса истоданд ва ронандагону мусофирон доду фарёд бардоштанд, ки ронандаро бояд наҷот диҳанд. Касе ҷуръати ворид шудан ба оби сард накард, аммо Собир либосҳояшро кашиду худро ба об андохт.

"Шишаи мошинро шикаста, духтарро аз об берун овардам​"

Пеш аз наворбардорӣ, ному насабамро навишта гирифтанд. Пурсиданд, ки аз куҷо ҳастам ва дар куҷо кор мекунам. Ба ҳамааш ҷавоб додам, ки аз Тоҷикистон ҳастам, вале дар телевизион намедонам барои чӣ номамро нагуфтанд.

Собир рӯзи 7-уми декабр зимни сӯҳбат аз тариқи Скайп ҳодисаро ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард: “Онҷо одамон бисёр буданд, ягон кас надаромад. Ман либосҳоямро кашида, ба даруни об даромадам. Шишаи мошини духтарро шикастам ва ӯро аз об берун овардам. Либосҳоямро пӯшидам, баъд ба мошин дароварданд, маро гарм карданд.”

Ба Собир Хаспаллаев аз ноҳияи Вахш 40 дақиқа лозим шуд, то духтари ношинос ва беҳушро аз дохили рӯдхона ва бо кумаки атрофиён берун кашад. Баъд аз онки табибон ба маҳалли ҳодиса омаданд, ба ӯ гуфтанд, ки “агар духтар 1 ё 2 дақиқаи дигар дар дохили об мемонд, ҳалок мешуд.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бибинед:

Матбуоти Русия некии Собирро гуфт, ному ватанашро пинҳон дошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Маъмурони наҷот аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия низ ба Собир ташаккур гуфтанд, ки далерӣ нишон дод ва дар набудани онҳо кореро кард, ки маъмурони наҷот анҷом медиҳанд. Вале ончӣ ки Собирро маъюс кардааст, рафтори матбуоти Русия аст. Ӯ мегӯяд, матбуоти Русия ҳама чизро нишон дод, вале на номи Собирро бурд ва ҳам нагуфт, ки муҳоҷири оддист, ки дар Маскав кор мекунад.

"Маро нишон доданд, аммо нагуфтанд, ки аз Тоҷикистон ҳастам"

“Пеш аз наворбардорӣ, ному насабамро навишта гирифтанд. Пурсиданд, ки аз куҷо ҳастам ва дар куҷо кор мекунам. Ба ҳамааш ҷавоб додам, ки аз Тоҷикистон ҳастам, вале дар телевизион намедонам барои чӣ номамро нагуфтанд. Сӯҳбатҳоямро нишон доданд, ки чӣ гуна духтарро баровардӣ. Ному насабамро нагуфтанд. Нагуфтанд, ки ман аз Тоҷикистон ҳастам, ки ба ин духтар кумак расонд, ё наҷот дод. Дар ин бора нагуфтанд, гапи мусбате нагуфтанд, рости гап", – мегӯяд, Собир Хаспаллаев.

Собир ба ин андеша аст, ки маҳз муҳоҷир ва аз Тоҷикистон буданаш, сабаби худдории телевизионҳову хабаргузориҳои Русия аз зикри ному зодгоҳи ӯ аст.

“Ба фикри ман, чун мо миллати дигар ҳастем, шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки номи маро набурданд", – гуфт Собир. Муҳоҷири тоҷик гила кард, ки матбуоти Русия кори мусбати муҳоҷиронро нишон намедиҳад ва баръакс хабарҳои манфиро дар бораи онҳо доман мезанад.

Наталя Юдина
Наталя Юдина

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари телевизионҳоеро бигирад, ки дар бораи садама дар Маскав гузориш доданд ва бо Собир сӯҳбат карданд. Аммо Наталя Юдина, коршиноси маркази “СОВА”, як созмони ҳомии ҳуқуқ, ки ба зидди бегонаситезӣ дар Русия мубориза мебарад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ, чунин тамоюл дар миёни матбуоти Русия вуҷуд дорад, ки аз кори мусбати муҳоҷирон кам мегӯянд.

“Масъалаи аламовар”

“Дар воқеъ, ман номи муҳоҷири тоҷикро пайдо накардам. Мутаасифона, ин тамоюл вуҷуд дорад.Вале айни замон бояд бигӯем, ки матбуоти Русия гоҳе зимни нашри хабарҳои манфӣ дар бораи муҳоҷирон, миллату ҳуввияти онҳоро ошкор намекунад. Оқилона мебуд, агар дар бораи муҳоҷирон мусбат менавиштанд, то мардуми оддӣ, бифаҳманд, ки муҳоҷирон хатар нестанд ва мисли ҳама инсон ҳастанд. Ин як чизи оддӣ аст, ки бояд гуфта шавад”, - гуфт Наталя Юдина ба Радиои Озодӣ.

Ҳар сол ҳазорҳо нафар мардони қобили кори Тоҷикистон ба Русия мераванд
Ҳар сол ҳазорҳо нафар мардони қобили кори Тоҷикистон ба Русия мераванд

Ба қавли ҳомии ҳуқуқи рус дар муқоиса бо гузашта, нашри хабарҳои манфӣ ва ё бадном кардани муҳоҷирон дар матбуоти Русия камтар шудааст. Дар ин кишвар беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва баъзан ин муҳоҷиронро қочоқбар, таҷовузгар ва ё як табақаи қонуншикан муаррифӣ мекунанд.

Собир ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди дидани гузоришҳо дар бораи садама бо дӯстонаш ҳамин “масъалаи аламовар”- ро баррасӣ кард. Собир Хаспаллаев, ки 30 сол дорад, дар Маскав ба тиҷорат машғул аст ва намедонад, духтаре, ки наҷот дод, чӣ ном дораду аз куҷо аст.

Маъмурони наҷот ба ӯ гуфтаанд, ки метавонад, ба аёдати духтаре биравад, ки ӯро аз чанголи марг наҷот дод. Ҷавоби Собир ба онҳо чунин будааст: “Гуфтанд, ки духтар дар шифохона аст, агар хоҳӣ пешаш рав. Ман гуфтам, муҳим ин ки зинда монд, таваккалаш ба Худо.”

XS
SM
MD
LG