Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Тафтиш нагузашта боз тафтиш, тафтиш...”


Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон барои санҷиши беасосу такрорӣ ва аз ҳад зиёди ронандагону мусофирбарҳо дар як ҷаласаи вижа танқид шунидааст. Ин ҷаласа охири ҳафтаи гузашта бо иштироки муовини нахуствазир Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

"43 баробар зиёд тафтиш кардаанд"

Дар сари қадам, дар ҳар гардиш мошинро дошта, ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекунанд. Новобаста аз онки қоидаи ҳаракатро вайрон кардем, ё не. Вақте мебинанд, дигар илоҷе нест, мегӯянд, ки "ҳангоми ҳаракат аломати гардишро фаъол накардӣ"

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт 43 баробар зиёдтар аз нақша дар ширкатҳои мусофиркашониву ронандаҳо санҷиш гузарондааст. Ин хадамот ба ширкатҳои мусофиркаш ва нақлиёти хурду бузурге, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд, муҷавввиз медиҳад. Дар ҳолати риоя накардани қоидавайронкунӣ ин хадамот ҳақ дорад, ки нисбат ба онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб диҳад ё ҷарима бандад.

Як корманди сохтори ҳукуматӣ, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, рӯзи 18-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ниҳод даъват шуд, барои санҷишу рейдҳои беасосаш посух бидиҳад. Аз 14 ҳазор санҷише, ки дар соли 2017 аз сӯи ин хадамот анҷом шудааст, танҳо 324 ададаш аз рӯи нақша будаасту бас.

"Сари ҳар қадам тафтиш мекунанд"

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Интиқоди мақомот аз санҷишҳои бе асосу такрории ниҳодҳои санҷишӣ, аз ҷумла Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ҳолест, ки санҷишҳои пайваста дар воқеъ ронандаҳоро ҳам асабонӣ ва бархеро ҳатто аз ин кор гурезон кардааст. Як ронандаи мусофиркаши хатсайри 19 дар пойтахт бидуни бурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди онки ҳар субҳ бо гирифтани иҷозатнома ба кор шурӯъ мекунад, давоми рӯз таҳти назорати чандин нозиру кормандони танзими нақлиёт ва экология қарор мегирад.

Фазлиддин Бобоев, як ронандаи таксӣ, мегӯяд, бо вуҷуди онки тамоми санадҳояш дурустанд, рӯзе то се дафъа аз сӯи маъмурони ниҳодҳои санҷишӣ манъ ва ҳуҷҷатҳояш тафтиш мешаванд.

Ӯ гуфт, “ҳар сари қадам, дар ҳар гардиш мошинро дошта, ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекунанд. Новобаста аз онки қоидаи ҳаракатро вайрон мекунем, ё не. Вақте мебинанд, дигар илоҷе нест, мегӯянд, ки “ту ҳангоми ҳаракат аломати гардишро фаъол накардӣ”. Ба ниҳодҳое ки соҳаи нақлиётро назорат мекунад, манъ кардану пурсидани ҳуҷҷати ронандаҳои бегуноҳ ҳам одат шудааст”. Фазлиддин Бобоев гуфт, дар ниҳоят аксари санҷишҳо бо пардохти ҷарима меанҷомад ва асабонияту нороҳатии ронандаҳоро ҳам афзоиш медиҳад.

"Ҳамаи рейдҳо ба манфиатанд"

Давлаталӣ Саид
Давлаталӣ Саид

Аммо масъулини Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мегӯянд, ки онҳо бидуни асос рейд нагузарондаанд. Мақомоти ин ниҳод мегӯянд, ба ҷуз аз нақши корӣ дар пайи шикояту дархости мусофирон низ тафтишҳо сурат мегиранд.

Асадулло Тоҳиров, як масъули раёсати иқтисод ва иттиллоъ дар ин хадамот, рӯзи 18-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте воситаи нақлиёт шарту талаботи иҷозатномаро вайрон мекунад, қоидаи мусофирбариро риоя наменамояд, аз меъёр зиёд бор мегирад, қоидавайронкунӣ аст. Ҳамаи инҳо дар вақти рейдҳо ошкор ва нисбат ба омилонаш чораҷӯӣ мешавад.”

Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ дар соли 2017, ҳудуди 190 ҳазор санҷиши фаъолияти “субъектҳои хоҷагидор” гузаронда шудааст, ки аз ин 31 ҳазор санҷиш ғайринақшавӣ ва ҳудуди 21 ҳазор такрорӣ буданд. Қариб 80 дарсади санҷишҳо ба се мақомот - хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва оҷонси "Тоҷикстандарт" рост омадааст.

Ниҳодҳои санҷишӣ дар ҳоле аз нақша зиёд санҷиш анҷом додаанд, ки мақомот бо нигаронӣ мегӯянд, бо вуҷуди афзоиши шумори санҷишҳо дар муқоиса ба соли 2016 ҳаҷми ҷаримаҳо 24,4 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст. Ахиран президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар паёмаш дар моҳи декабри соли 2017 бо нигаронӣ гуфт, фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатномадиҳӣ ва, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиш мебаранд ва ба ҳисоби миёна ба ҳар як шахси ҳуқуқӣ 5 санҷиш рост меояд.

XS
SM
MD
LG