Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмрасони Viber қисман масдуд шуд


Корбарони барномаи Viber дар дохили Тоҷикистон аз қисман масдуд шудани имкони истифодаи ин паёмрасони маъруф аз ҷониби муштариёнашон дар дохили кишвар хабар доданд. Муштариёни ин паёмрасон гуфтанд, ки танҳо имкони ирсоли паёмҳои хаттӣ ё СМС-ро тариқи Viber доранд, вале имкони сӯҳбат кардану фиристодани медиафайлҳо, назири аксу аудио ва видео дигар вуҷуд надорад. Дар бораи вуҷуди чунин мушкил нахуст оҷонсии “Азия-Плюс” хабар дод. Бархе муштариёни Viber дар беруни Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шурӯъ аз 3 январ мушкили истифодаи ин барномаи телефониро эҳсос мекунанд.

Манобеи “Азия-Плюс” дар ширкатҳои мухобиротӣ гуфтаанд, ки муқассири қисман масдуд шудани Viber ширкати миллии мухобиротии “Тоҷиктелеком” аст, ки таъминкунандаи хати интернети аксари кулли ширкатҳои мобилӣ мебошад. Ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи мухобирот дар Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки аз як мӯрии ягона, яъне ширкати ватании “Тоҷиктелеком” интернет дарёфт кунанд.

Мақомоти масъул аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд. Вале моҳи декабр як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ин кишвар имкони техникии масдуд кардани паёмрасонҳо вуҷуд надорад.

Мушкили истифодаи Viber-ро корбарон дар дохили Тоҷикистон ба ҳангоми истифодаи зангҳои дохилӣ ва ҳам ба ҳангоми талоши тамос бо хориҷа эҳсос мекунанд. Тамосҳо тавассути Viber дар миёни корбарони хориҷӣ ҳеҷ мушкиле надорад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи декабр мақомоти алоқаи Тоҷикистон гуфтанд, ки баъди масдуд шудани NGN, роҳҳои бастани паёмрасонҳои дигари интернетиро ҳам андеша мекунанд, ки ба фарқ аз NGN бепул буда, танҳо тавассути интернет кор мекунанд. Дар миёни корбарон дар Тоҷикистон дар баробари Viber, шабакаҳои IMO, Telegram ва WhatsApp маъруфият доранд ва василаи маъмулии тамос бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба ҳисоб мераванд.

XS
SM
MD
LG