Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, дар мубориза бо террористҳо дар паҳлӯи Тоҷикистон аст


Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе, гуфт, ки кишвараш дар мубориза алайҳи терроризм дар канори Тоҷикистон хоҳад истод. Оқои Фағонӣ ин ҳарфҳоро дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 26-уми декабр баён доштааст.

Хабари мулоқотро вебсайти сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми декабр нашр кард. Бино ба ин манбаъ, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ “дар бораи шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқу Сурия” ва, ҳамин тавр, “тағйири ҷуғрофиёи фаъолияти террористҳо, аз ҷумла таҳдиди эҳтимолӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ” изҳори назар кардааст.

Дар ин суҳбат инчунин вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистону Эрон ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо баррасӣ шудааст. “Фазои муносиботи Эрону Тоҷикистон дар ҳоли тақвият аст”, - афзудааст сафир.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Бино ба хабари вебсайти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров аз ҳимоятҳои Теҳрон дар барқарории сулҳи тоҷикон дар солҳои навадум қадрдонӣ кардааст.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли ахир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.

XS
SM
MD
LG