Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин консерти хайрия ба хотири кӯмак ба Диёрбек


Рӯзи 26 декабр дар шаҳри Хуҷанд дар муассисаи давлатии Кохи Рӯдакӣ нахустин консерти хайрия ба хотири ҷамъоварии маблағ ва пуштибонии молии писари овозхон Дилноза Каримова баргузор мешавад. Дар ин консерт қарор аст ҳаҷвнигорони маҳаллӣ, гурӯҳҳои эҷодии театрӣ ҳунарнамоӣ кунанд. Ба иттилои Зайниддин Каримов, бародари Дилноза Каримова, дар маҷмӯъ дар Хуҷанд то 13 январ се консерти дигари хайрияи ҳунармандон вилояти Суғд (рӯзҳои 28 декабр, 4 ва 13 январ) ташкил шавад. Консерти хайрияи шаҳри Душанбе бо ибтикори маркази продюсерии “Шоира” рӯзи 6 январ барпо мешавад. Дар ин консерт ситораҳои ҳунари Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Даъват ба баргузории консери хайрия аз ҷониби ҳунармандон баъди он садо дод, ки Дилноза Каримова дар бораи дучори дараҷаи хатарноки саратон шудани писари шашсолааш Диёрбек хабар дод ва гуфт, барои муолиҷаи писараш дар клиникаҳои хориҷӣ на камтар аз 100 ҳазор доллар маблағ зарур аст. Дилноз Каримова аз охири моҳи октябр дар шаҳри Бишкек аст ва писараш 24 соат зери назари табибони бемористони давлатии атфоли гирифтори саратон мебошад.

Зайниддин Каримов гуфт, ки дар фурсати беш аз як ҳафтаи даъват ба ҷамъоварии маблағи хайрия ба сурат-ҳисоби бонкии Диёрбек Аминҷонов чизе бештар аз 7 ҳазор доллар ворид шудааст ва ин маблағ хеле кам аст. “Мо, албатта, танҳо ба даромади консерт умед намебардем ва бо кӯмаки ситоди ташкилкардаамон талош дорем аз бунёдҳои хайрияи махсус ҳам кӯмак дарёфт кунем”, гуфт Зайниддин Каримов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 25 декабр.

Вай гуфт, инчунин хонавода тасмим гирифт, ки баъди Бишкек барои идомаи муолиҷа хоҳарзодаашро ба шаҳри Маскав интиқол диҳанд, то ки табобату ҷарроҳии ӯ дар он ҷо идома ёбад.

Кӯмак ба Диёрбек Аминҷонов

Барои касоне, ки нияти кумак кардан доранд:

Телефонҳо: (+992) 92 777 70 08, (+992) 92 804 55 50

Инчунин:

​Дар бонки "Сбербанк"-и Русия:
Барои рубли русӣ (4276380155031193)

XS
SM
MD
LG