Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдаке аз истеъмоли ҳасиб даргузашт


Чаҳор узви як хонавода дар деҳаи Кадучуии ҷамоати Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда заҳролуд шуда, яке аз кудакон - Умаралӣ Давлатови 3-сола рӯзи 13 декабр ба ҳалокат расид. Бойназар Тағоев, сардухтури бемористони ноҳияи Восеъ рӯзи 15 декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чор узви як хонавода дар деҳаи Кадучӣ баъди истеъмоли ҳасиб заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ҷаноби Тоғоев гуфт, ки аввал фарзанди сесолаашонро ба бемористон интиқол доданд, ки кайҳо фавтида будааст ва дар аввал истеъмоли ҳасибро пинҳон доштанд. Баъдан се тифли дигарро бо нишонаҳои заҳролудшавӣ оварданд. Рӯзи 15 декабр ин Идигули 10, Макнунаи 9 ва Мафтуна Давлатоваи 7-сола аз бемористон озод шуданд. Ин хонавода дар ҳоле аз хурдани ҳасиб заҳролуд шудааст, ки як сокини дигари ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин моҳи декабр баъди истеъмоли ҳасиб ба бемористони сироятии шаҳри Кӯлоб интиқол ёфт.

Абдукарим Шокиров, муовини сартабиби бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, ки замоне кӯдак ба бемористон интқол ёфт, вазияташ ваҳим буд ва бо кӯмаки табибон вазъаш мӯътадил шуд. Ҷаноби Шокиров гуфт, ки баъди ташхис муайян шуд, ки дар хуни кӯдак маводи “нитрат холл” ошкор шудааст, ки боиси заҳролудшавии организми инсон мешавад. аз аз пайвастагиҳои кимёвии “нитратхолл” будааст. Ӯ мегӯяд, ки заҳролудшавӣ дар натиҷаи истеъмоли ҳасиби вайрон рух додааст: “Модари ин кӯдак ҳам заҳролуд шудааст, аммо ӯро дар бемористони Саричашма саривақт табобат карда ҳамон ҷо назорат доранд.

Аммо кӯдакро замоне ба бемористони мо расониданд, ки фишори хунаш паст шуда лабу даҳонаш кабуд буд. Дар ҳолати ниҳоят сангин қарор дошт. Мо хеле талош кардем ва ҳоло вазияташ рӯ ба беҳбуд овардааст. То хуб шуданаш зери назорати табибон мемонад”, - гуфт Абдукарим Шокиров. Ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз истеъмоли ҳасиби олуда нав нест.

Рӯзи 10 декабр хонаводаи Раҷабалӣ Мисралиев, сокини шаҳри Кӯлоб ҳамроҳи ҳамсару ду кӯдаки хурдсолаш дар Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шуданд. Фирӯзи Муродалӣ, яке аз хешовандони ин оила ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хонавода пас аз истеъмоли ҳасиб бемор шудаанд. “Шаби гузашта онҳо аз Душанбе баргаштанд. Ҳангоми бозгашт аз кадом мағозае аз Восеъ ҳасиб харида ва субҳ истеъмол кардаанд. Пас аз чандсоат ранги кӯдаки дусолаашон кабуд шуд. Вақте ӯро ба беморхона бурданд, вазъи дигарон ҳам бад шудааст” - гуфт ӯ. Аъзои хонавода зери назорати пизишкон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG