Ба иттилои масъулони Маркази сейсмологии Академияи илмҳои Тоҷикистон, соати ҳафти субҳи 12-уми декабр дар қаламрави кишвар замин ларзид.
Дар Маркази сейсмологии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маркази зилзила 115 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 6 километр дуртар аз шаҳри Кӯлоб будааст.
Ба гуфтаи онҳо, нирӯи зилзила дар марказаш 5 балл ва дар шаҳри Кӯлоб 4 баллро ташкил додааст.
Ин масъулон мегӯянд, ларзиши замин дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон эҳсос нашудааст.