Агар кулли аризаву муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба унвонии мақомоти маҳалҳояшон як баста тасаввур кунем, ҳудуди 80 дар сади онҳо ба даъвои сари порчаи замин марбут будааст. Масъалаи дастрасӣ ба замин “дар Тоҷикистони камзамин” сол то сол ба мушкили рақами як табдил меёбад ва доғтар мешавад.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Шумори умумии довталабони заминро дар ҷумҳурӣ омори расмӣ ошкор намекунад, вале тахмин меравад, ки теъдоди онҳо ба садҳо ҳазор нафар мерасад.
Шариф Нозимов, сокини мавзеи Хирманак, воқеъ дар 20-километрии канори Душанбе, гуфт, бо ҳамроҳии ду бародари оиладораш дар як хона зиндагӣ мекунанд, аммо солҳо боз барои дарёфти як порча замин барои бунёди манзили алоҳида муваффақ намешаванд. “Ин сол ба хотири гирифтани замин аз кор дар Русия худдорӣ кардам. Рӯздармиён ба ҷамоат мерафтам, то як порча замин бигирем. Аммо, билохира, на ин шуду на он. Ҳам аз Русия мондаму ҳам аз замин”, - афзуд ӯ рӯзи 16 январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Камбуди замин ва фасоди молӣ
Дар Тоҷикистон мисли Шариф Нозимов садҳо ҳазор нафар ҳастанд, ки аз навбати тӯлонӣ барои гирифтани замин, тақсими ноодилонаи он дар ҷамоатҳо ва дигар масъалаҳои ҳамсон баҳсу даъво мекунанд. Коршиносон мегӯянд, агар сиёсати тақсими замин дар Тоҷикистон ислоҳ нашавад, ин мушкил сол ба сол доғтар хоҳад шуд.
Як иқтисоддони тоҷик мегӯяд, масъала на танҳо дар камбуди замин, балки ба фасод олуда шудани ин масъала ҳам ҳаст. Салоҳ Имронов гуфт, «кормандони ҷамоатҳо, ки масъули тақсими замин ҳастанд, аз мураккаб будани ҷараёни тақсими замин сӯиистифода карда, аз мардум суд (фоида) меҷӯянд ва ин роҳро ба коррупсия боз мекунад. Барои ҷилавгирӣ аз ин вазъият, бояд як системаи соддаи тақсими замин дар ҷумҳурӣ ҷорӣ шуда, ба самъи умум расонда шаванд, то мардум аз он истифода кунанд”.
"Мардум гумроҳ нашаванд"
Дар зимн, мушкили тақсими одилонаи замин ба сокинони Тоҷикистон ба мавзӯи асосии гуфтугӯи хабарнигорон ва масъулони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ табдил ёфт. Дар нишасти хабарии ин кумита, ки рӯзи 16 январ дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, ҳамингуна аксари вақт баҳс – баҳси замин буд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар робита ба мушкили сокинон барои дарёфти замин гуфт, дар аксари мавридҳо, сокинон бинобар надонистани ҳуқуқашон ҳангоми дарёфти қитъаи замин ба доми қаллобон меафтанд.
“Дар деҳот бисёриҳо ба Русия рафта меоянд ва ба қаллобҳо пул дода, замин мегиранд. Мо ҳоло аз мардум даъват мекунем, ки гумроҳ нашаванд. Агар пул дода замин мегиранд, пагоҳ ҳам худашон дар назди қонун ҷавоб медиҳанд ва ҳам замин ба ҳолати аввалааш баргардонида мешавад. Маблағи додаи ӯро давлат ҷуброн намекунад, чунки ӯ дар аввал рафтори ғайриқонунӣ кардааст”, - афзуд Аҳмадзода.
"Тоҷикистони камзамин"
Соли 2016, ба иттилои расмии онҳо, корманди ин кумита ба фасодкорӣ айбдор ва аз кор ронда шудаанд. Гуноҳи ин афрод, ба гуфтаи Аҳмадзода, дар муомилаҳои ғайриқонунӣ ва қаллобӣ бо замин будааст.
Бо назардошти ин мушкил, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба унвонии ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод фиристодааст, ки масъулони тақсими замин дар ҷамоатҳо ба тобеияти ин кумита гузаранд ва ба мақомоти маҳаллӣ тобеъ набошанд. Дар ин сурат, ба таъкиди Раҷаббой Аҳмадзода, мақомот метавонанд аз мавридҳои фасодкорӣ дар тақсими замин ҷилавгирӣ кунанд.
Тоҷикистон, ки масоҳаташ наздик ба 142 ҳазор километри мураббаъ аст, ҳамагӣ 7 дар сади қаламравашро водиҳо ташкил мекунанд. Боқимонда 93 дарсади ҳудуди он аз кӯҳсор иборат аст. Бино ба ҳисоби мақомот, бо назардошти шумораи кунунии аҳолӣ (8 миллиону 400 ҳазор) ба ҳар сари як тоҷик дар ҷумҳурӣ 6 сотих замин мерасад. Танҳо дар як ҷамоати деҳоти Ҳисор наздики 10 сол мешавад, ки беш аз 2000 нафар дар навбати гирифтани замин қарор доранд. Шумори умумии довталабони заминро дар ҷумҳурӣ омори расмӣ ошкор намекунад, вале тахмин меравад, ки теъдоди онҳо ба садҳо ҳазор нафар мерасад.