Идораи Мусулмонҳои Узбакистон (ИМУ бо судури як фатвои талаботи иштирок дар маросимҳои ҳаҷи фарзиро барои сокинони кишвар шадидтар кард.
Дар фатвои ИМУ аз 1 декабр омадааст, шахсоне ба зиёрати Хонаи Худо фиристода мешаванд, ки ба иловаи нафақаи хонаводаи худ барои адои ҳаҷ маблағи кофӣ дошта бошанд. Дар баробари ин, тибқи фатво, зоирон бояд "дар маҳаллаҳои худ маъруф ва барои дигарон намуна бошанд".
Ба гуфтаи Идораи Мусалмонҳои Узбакистон, солҳои гузашта дар байни зоирони кишвар шахсоне будаанд, ки "вазъи саломатӣ ва моддии хуб" надоштаанд.
Ибтидои соли равон квотаи ҳаҷ барои сокинони Узбакистон, ки 32 миллион аҳолӣ дорад, афзоиш ёфт. Вале мақомот зиёрати дувумбораи Хонаи Худоро барои сокинони худ манъ карданд. Тибқи қоидаи нав, минбаъд ҳар сокини Узбакистон ҳақ дорад, дар тӯли ҳаёташ як бор ҳаҷи фарзӣ ва як бор ҳаҷи умра анҷом диҳад. Соли равон 7,5 ҳазор узбакистонӣ ба зиёрати Хонаи Худо рафта буд.
Гуфта мешавад, ки бештари шаҳрвандони Узбакистон барои иштирок дар маросими ҳаҷ маҷбуранд, солҳо навбатпоӣ кунанд. Бархе аз онҳо шикоят доранд, ки ҳангоми таҳияи феҳристи зоирон ба фасодкорӣ роҳ дода мешавад.