Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" - рақиби "Хуҷанд" дар финали Ҷоми Тоҷикистон 


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз рӯи ду натиҷаҳои ду бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 оид ба футбол бар тими ССКА “Помир”-и Душанбе пирӯз шуд, ба финал баромад.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд, бо дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд рақобат мекунад.

Бозии ҷавобии ин ду даста, ки имрӯз, 21-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардид, бо пирӯзии дастаи мизбон – ССКА “Помир” – бо ҳисоби 3:2 ба поён расид. Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол” дар бозии аввали ниманиҳоӣ, ки 17-уми ноябр дар ҳамин варзишгоҳ барпо гардид, бар тими меҳмон - ССКА “Помир” - бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ ҳисоб баробар – 3:3 – шуд ва бар асоси дастури мусобиқот ду голи дар майдони рақиб задаи “Истиқлол” ба даста пирӯзӣ овард. Зимнан, ҳарсе голи “Истиқлол” дар ду бозӣ ба ҳамлагар Дилшод Восиев мансуб аст. Ӯ дар бозии аввал голи ягонаро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 16-ум, ба ҳадаф расонд. Дар бозии ҷавобӣ ду голи Дилшод “Истиқлол”-ро ба финал баровард.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд, бо дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд рақобат мекунад.

Бозигарони тими "Хуҷанд"
Бозигарони тими "Хуҷанд"

Дастаи “Хуҷанд”, ки дар даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор пирӯз шуд, ба финал баромадааст. Бозии аввал бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи мизбон - “Хуҷанд” - анҷом ёфта буд. Дар бозии ҷавобӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо гардид, замони асосӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон ба поён расид. Бар асоси дастури мусобиқот барои муайян кардани ғолиб ду қисми 15-дақиқаӣ таъин гардид. Дар замони изофӣ футболбозони “Хуҷанд” ду гол зада, ба финал баромаданд.

Бар асоси дастури мусобиқот барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 мушарраф мешавад. Агар имсол ҳам дар Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” ғолиб ояд, онгоҳ дар мавсими оянда дар Ҷоми AFC ҷоизадори нуқраи мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ - “Хуҷанд” - ширкат хоҳад кард. Яъне дастаи «Хуҷанд» ҳам дар мавриди пирӯзӣ ва ҳам дар мавриди бохт дар бозии ниҳоӣ муқобили “Истиқлол”, Тоҷикистонро дар мусобиқоти навбатии Ҷоми AFC намояндагӣ хоҳад кард. “Истиқлол” бошад, дар Ҷоми AFC-2018 ҳамчун қаҳрамони Тоҷикистон ширкат меварзад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.

Бозигарони тими "Истиқлол"
Бозигарони тими "Истиқлол"

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон шуруъ аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Ҷоми Тоҷикистон. Нимфинал. Бозии ҷавобӣ
ССКА «Помир» - «Истиқлол» - 3:2

Голҳо: Дилшод Восиев, 6 (0:1). Комрони Мирзонаҷот, 41 (1:1). Шамсиддин Қосимов, 44 (2:1). Фирдавс Чақалов, 68 (3:1). Дилшод Восиев, 82 (3:2).
ССКА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Орзу Додхудоев, Идибек Ҳабибуллоев, Комрони Мирзохон, Зоир Ҷӯрабоев, Комрони Мирзонаҷот, Шарафҷон Солеҳов, Билол Сулаймонов, Самадҷон Шарифов, Фирдавс Чақалов, Шамсиддин Қосимов.
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Артём Барановский, Александр Стетсенко, Табрези Давлатмир (Аҳтам Назаров, 46), Ромиш Ҷалилов, Дэвид Мавутор, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷони Ҳасан (Фарҳод Қосимов, 46), ФатҳуллоФатҳуллоев, Дмитрий Барков (Ҳомид Ғуломӣ, 46), Дилшод Восиев.
Огоҳӣ гирифтанд: Шамсиддин Қосимов, Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Александр Стетсенко, Никола Стошич («Истиқлол»),
Аз майдон хориҷ шуд: Артём Барановский («Истиқлол») - 73, корти дуюми зард.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
21 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.
Бозии аввал - 0:1

XS
SM
MD
LG