Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия гуфт, қазияи Ризо Зарроб дар Амрико “сохта” ва “сиёсист”


Ризо Зарроб
Ризо Зарроб

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, Амрикоро барои, ба қавли ӯ, қазияи “сохта” ва “дорои ангезаи сиёсӣ” алайҳи як тоҷири турку эронӣ муттаҳам кард. Амрико Ризо Зарробро айбдор кардааст, ки таҳримҳои Вашингтон алайҳи Эронро нодида гирифт ва ба Теҳрон кумак намуд.

Човушоғлу рӯзи 17-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, ӯ бовар дорад, Амрико қазияи соли 2013-и Ризо Зарробро низ бар ҳамин асос тартиб дода буд ва баъдан аз он қазия гузашт. Ризо Зарроб, тоҷири сарватманди тило, бо ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон робитаи наздик дорад.

Ризо Зарроб шаҳрвандии Эрону Туркияро дорад. Телевизиони NBC гуфт, Ризо Зарроб, ки моҳи марти соли 2016 дастгир шуд, ҳоло озод аст ва ӯро дар ҷойи номаълуме нигаҳ медоранд. Қарор буд, Ризо Зарроб ва вакилонаш рӯзи 16-уми ноябр дар мурофиаи қазияи канор задани таҳримоти Амрико бар зидди Эрон дар додгоҳе дар Ню-Йорк ҳозир шаванд. Аммо ҳозир нашуд.

XS
SM
MD
LG