Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду паҳлавони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Ҳолланд


Имрӯз, 17-уми ноябр, дар шаҳри Ҳейгю ё Гаагаи Ҳолланд Гран-прии ҷудо (Grand-Prix The Hague 2017) аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) шуруъ шуд. Дар ин мусобиқот, ки се рӯз идома хоҳад кард, 231 варзишгар (140 мард ва 91 зан) аз 43 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ду гуштигир –Хайёмиддин Ҷабборов ва Комрон Карликов – дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд. Ҷабборов 18-уми ноябр дар рақобатҳо дар вазни зери 73 килограмм дар даври аввал бо Мишел Бартусик аз Лаҳистон (Полша) қувваозмоӣ менамояд. Карликов бошад, дар вазни зери 90 килограмм бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод аст. Рақиби ӯ дар даври дувум, ки 19-уми ноябр баргузор мешавад, Эдуард Триппели олмонӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар Гран-прии ҷудо дар Ҳолланд дар сабқати мардон дар вазни зери 90 килограмм Александр Куколҷи сербиягӣ, ки дар ҳамин ҳол дар феҳристи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мақоми аввал аст, иштирок мекунад. Инчунин дар ин вазн паҳлавонони маъруф, ба мисли Николоз Шеразадишвили (Испания), Магомед Магомедов (Русия) ва дигарон барои медалҳо мубориза мебаранд. Дар сабқати мардони вазнашон зери 73 килограмм низ бархе аз варзишгарони номдор, ба мисли Ван Тичелт Дарк (Белгия), Уалӣ Курҷев (Русия) ва дигарон ҳастанд.

Тибқи барномаи мусобиқот дар рӯзи аввали рақобатҳо – 17-уми ноябр – занон дар се вазн – 48 кг, 52 кг ва 57 кг, мардон дар ду вазн – 60 кг ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбе, 18-уми ноябр, ғолибон аз рӯи ду вазн – 63 кг ва 70 кг миёни занон, инчунин 73 кг ва 81 кг миёни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбе, 19-уми ноябр, бо рақобатҳо дар вазнҳои 78 кг ва беш аз 78 кг миёни занон ва дар вазнҳои 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг байни мардон ба анҷом мерасад.

XS
SM
MD
LG