Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Тоҷикистон барои таҳияи феҳрасти ҳамҷинсгароён


Акс аз бойгонист ва ба Тоҷикистон иртибот надорад.
Акс аз бойгонист ва ба Тоҷикистон иртибот надорад.

Шӯрои порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо чаҳор кишвар? аз ҷумла Тоҷикистонро барои бархӯрди номуносиб бо ақаллиятҳои ҷинсӣ танқид кард ва хостори иқдомот барои муҳофизати ҳуқуқи онҳо шуд. Дар баёнияи шӯро, ки рӯзи 16-уми ноябр ба муносибати Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ нашр шуд, Игнасио Санчез Амор, раиси яке аз кумитаҳои порлумон аз кишварҳои узв, хостааст, онҳоеро ба ҷавобгарӣ бикашад, ки ҳамҷинсгароёнро озор медиҳанд ва ё ҳуқуқи онҳоро зери по мекунанд.

"Таассуб зидди ҳамҷинсгароён ва хуносо дар саросари кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дида мешавад, аммо ҳафтаҳову моҳҳои гузашта мо шоҳиди ҳодиса ва ҳамлаҳои такондиҳанда ба зидди аққалиятҳои ҷинсӣ бахусус дар Озарбойҷон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шудем”, - омадааст дар ин баёнияи Санчез Амор, раиси Кумитаи демократия ва ҳуқуқи инсон дар Шӯрои Порлумони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо.

Дар ин баёния сабти номи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистонро ёдоварӣ карда ва гуфтаанд, тартиб додани феҳрасти онҳо бо баҳонаи пешгирӣ аз “бемориҳои сироятии ҷинсӣ” сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Санчез Амор, “таҳдиду таҳқир ва ҷиноятҳо дар заминаи бегонаситезӣ ва шиканҷа дар ҷомеаҳои мо набояд ҷой дошта бошанд. Ман аз ҳукуматҳои тамоми кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо даъват мекунам, ки ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро ҳимоят кунад ва онҳоеро, нисбат ба онҳо вақтҳои ахир таҳаммулнопазирӣ нишон додаанд, ба ҷавобгарӣ бикашад."

Моҳи гузашта мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон феҳрасти 370 ҳамҷинсгароёнро таҳия кардаанд, ки як “гурӯҳи осебпазир” дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

XS
SM
MD
LG