Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов: Ҳамҷинсгароҳо беморанд


Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон аз ҳамҷинсгароӣ интиқоди шадид карда ва онро аз "падидаҳои номарғуб"-и фарҳанги ғарбӣ донистааст.

Раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар суханронии худ дар Шӯрои вакилони вилояти Тошканд зимни интиқод аз ҳамҷинсгароӣ ва ҳамҷинсгароён, онро аз "падидаҳои номарғуб"-и фарҳанги ғарбӣ гуфтааст.

Ислом Каримов аз ҷумла гуфтааст, ки "агар мард бо мард ва ё зан бо зан ҳаёти ҳамҷоя ба сар мебаранд, аниқ аст, ки чизе дар ин ҷо нодуруст аст ва ё дар ин миён дар ҳаёти онҳо дигаргуние иттифоқ афтодааст."

Дар Узбакистон ҳамҷинсгароӣ ва издивоҷи зан бо зан ва мард мамнӯъ буда ва ҷиноят дониста мешавад. Аз сӯи дигар, дар ҷомеаи Узбакистон намояндаҳои ақаллиятҳои ҷинсӣ ҳамвора зери фишор давомдор қарор мегиранд.

Солҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое ба нашр расида буданд, ки дар онҳо саҳнаҳои латукӯби онҳоеро, ки дар Узбакистон табдили ҷинс намудаанд ва ё ҳамҷинсгаро ҳастанд, намоиш медод.

Аз ҷумла моҳи гузашта дар Telegram як навор чарх мезад, ки дар он як маъмури пулиси узбак фардеро, ки табдили ҷинс намуда ва ба тан либоси занона дошт, бо алфози қабеҳ дашном медод ва ӯро латукӯб мекард.

Канат Одил, як блогнавис дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки "ҷудо намудани мардум бар асоси ҷинс ва латукӯби онҳо, ҷиноят аст. Бадтар аз ин, хусусан вақте ин сӯи маъмурони пулис сурат мегирад. Ҳамаи ин дар нисбати шаҳрвандони Узбакистон ғайриқонунӣ ва ғайримуҷоз аст, сарфи назар аз он, ки ӯ кӣ ҳаст."

Узбакистон аз ҷумлаи 70 кишвари ҷаҳон мебошад, ки ҳамҷинсгароӣ ва издивоҷи мард бо мард ва зан бо зан дар он ҷиноят шумурда мешавад. Бар асоси банди 120-и Кодекси ҷиноии он кишвар, қонун барои амали ливот (ҳамҷинсгароӣ) аз як то се сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Мавзӯи ҳамҷинсгароӣ дар Тоҷикистон ҳам як мавзӯи ҳассос ва баҳсбарангез аст, ки аксари аҳолии кишвар ин қишри ҷомеаро хуш надоранд. Бинобар ин ҳамҷинсгароён ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи ин гурӯҳи одамон, аз эҳтиёт кор мегиранд. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон муносибати ҷомеа ба ҳамҷинсгароён як шохиси сатҳи таҳаммулпазирии ин ҷомеаҳо шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG