Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издивоҷи ҳамҷинсгароён ва қудрати президент дар референдуми Қирғизистон. ВИДЕО


Раъйдиҳӣ барои 26 ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон, ки аз ҷумла салоҳиятҳои нахуствазирро бештар карда, никоҳи ҳамҷинсгароёнро қатъиян манъ мекунад, хотима ёфт. Масъулони Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон, шоми 11 декабр раъйпурсиро баргузоршуда эълон карда ва гуфтанд, ки ҳудуди 41 дар сади аҳолии қобили раъй овоз доданд. Аз ин ҳисоб, ба гуфтаи онҳо, тақрибан 80 дар сад аз тағйирот ба Конститутсия пуштибонӣ кардаанд.

Отамбоев: Ҳамаи тағйирот ба Конститутсия муҳиманд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Ҳамааш баъди референдум оғоз мешавад. Аз мардум меъёрҳои конститутсиониро талаб мекунанд, вале дар амал қонунҳои дигар кор мекунанд. Барои онки қонунҳо бо меъёри Конститутсия мувофиқ оянд, вакилони босавод зарур аст.
Адахон Мадумаров

Низоми комили порлумонӣ

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки қаблан мухолифонаш ӯро барои ислоҳи Қонуни асосӣ танқид карда буданд, ҳамаи тағйиротро хеле муҳим донист. Вай рӯзи 11 декабр дар яке аз ҳавзаҳои райъдиҳӣ дар Бишкек гуфт, "аз ҳама муҳимаш ин тағйирот истиқлоли кишвари моро мустаҳкамтар мекунад."

Раиси ҷумҳури Қирғизистон афзуд, тағйирот, инчунин, низоми то кунун омехтаи, ба қавли ӯ, президентиву порлумониро ба низоми комили порлумонӣ иваз мекунад. "Воқеан, Қонуни асосии амалкунанда на порлумонӣ, балки порлумонӣ-президентист. Ин хоҳиш ҳам буд, ки кишварро ба низоми президентӣ баргардонем. Барои онки дар муддати панҷ сол агар низоми президентӣ мебуд, албатта, ба чизҳои зиёд даст меёфтем", - таъкид кард ӯ. Вале, бо ин ҳол афзуд, "аз ҳар нигоҳ низоми порлумонӣ дуруст аст ва барои ҳамин Қирғизистон қадами навбатиро дар ин роҳ гузошт."

Алмосбек Отамбоев дар ҳоли раъйдиҳӣ
Алмосбек Отамбоев дар ҳоли раъйдиҳӣ

Мухолифон мегӯянд...

Аммо мухолифон мегӯянд, аз аввал зидди ислоҳи Қонститутсия буданд ва ҳанӯз ҳам дар мавқеи худ пойбанданд. Сиёсатмадор Адахан Мадумаров гуфт, ки референдум ба суботи Қирғизистон таъсири бад хоҳад гузошт. "Ҳамааш баъди референдум оғоз мешавад. Аз мардум меъёрҳои конститутсиониро талаб мекунанд, вале дар амал қонунҳои дигар кор мекунанд. Барои онки қонунҳо бо меъёри Конститутсия мувофиқ оянд, вакилони босавод зарур аст. Ҳамаи мо вазъияти ҳозираи порлумонро хуб медонем", - таъкид кард ӯ.

"То соли 2020 касе ҳақ надошт, Сарқонунро иваз кунад"

Мухолифони ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон бештар аз афзудани салоҳиятҳои нахуствазири ин кишвар нигаронанд. Мунтақидон Алмосбек Отамбоевро дар он айбдор мекунанд, ки мехоҳад бо нерӯманд шудани мавқеи нахуствазир ва таъмини дахлнопазирии ӯ, дар ниҳоят ба ин курсӣ нишинад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, аз рӯи қонунҳои баъди инқилоби соли 2010, Конститутсияи Қирғизистон набояд то соли 2020 тағйир дода мешуд.

Нахуствазир чӣ ҳақ дорад?

Ҳоло бар асоси ислоҳи Қонуни асосӣ нахуствазири Қирғизистон ҳаққи таъину барканории аъзои ҳукумат, ба истиснои раисони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дифоъро ба даст оварда, таъину барканории мақомоти маҳаллӣ низ ба ӯҳдаи ӯст. Руслан Қазоқбоев, вакил аз ҷиноҳи "Республика-Ота Ҷурт", гуфт, ки онҳо "якдилона" барои тағйири Конститутсия овоз доданд. Чун, ба гуфтаи ӯ, "афзоиши салоҳиятҳои нахуствазир тавозуни нерӯҳоро таъмин мекунад. Бар илова, як қатор афзалиятҳои дигар ҳам дорад", - афзуд ӯ.

Манъи никоҳи ҳамҷинсгароҳо

Яке аз ислоҳҳои пурсарусадои Қонуни асосии Қирғизистон, ки ба қавли мақомот ҳудуди 80 дарсади раъйдиҳандаҳо аз он ҳимоят карданд, манъи издивоҷи ҳамҷинсгароён дар ин кишвар аст. Аз ин пеш низ қонунҳои Қирғизистон издивоҷи ҳамҷинсгароҳоро иҷоза намедод, вале дар тағйири Қонуни асосии Қирғизистон гуфта шудааст, ки дар ин кишвар никоҳ танҳо миёни марду зан баста мешавад.

Отамбоев: Ман меравам

Иддаои мухолифон дар бораи ба курсии сарвазирӣ "чашм ало кардани" Алмосбек Отамбоев дар ҳолест, ки ӯ рӯзи 1 декабр гуфта буд, намехоҳад бори дувум барои дарёфти курсии президентӣ мубориза барад. Вай гуфт, президентони Русия ва Қазоқистон – Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев аз ӯ хоста буданд, номзадиашро барои мӯҳлати навбатии президентӣ пешбарӣ кунад, вале ӯ посухи рад додааст. Дар Қирғизистон соли 2017 интихоботи навбатии президентӣ баргузор мешавад.

Пеш аз ману ту...

Имсол чанде аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Озарбойҷон низ Қонуни асосии худро тағйир доданд. Бар пояи ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, ки баҳори соли равон сурат гирифт, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи бидуни маҳдудият иштирок кардан дар интихоботи президентиро ба даст оварда, ташкили ҳизби характери динидошта манъ гардид. Инчунин, синни номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон аз 35 то 30 поин оварда шуд.

XS
SM
MD
LG