Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон-2017: Пирӯзии “Хуҷанд” бар “Барқчӣ”


Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд барпо гардид.

Ҳарду гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Ҳимоятгар Далерҷон Тухтасунов дар дақиқаи 57-ум ҳисобро боз кард. Як голи дигарро бозигари меҳмонон Султоншо Мирзоев дар дақиқаи 77-ум ба дарвозаи дастаи худ зад.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Барқчӣ” ва “Хуҷанд” имрӯз, 4-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Ғолиби ин ҷуфт дар финали Ҷоми Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти дигари даври ниманиҳоӣ - «Истиқлол» (Душанбе)/ ССКА «Помир» (Душанбе) – рақобат мекунад.

Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2018 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.

Соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

XS
SM
MD
LG