Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои тафтиши ҷавонони бемор. Чаро сафи “негодный”-ҳо афзудааст?


Гурез аз хидмат дар саффи артиш бо баҳонаи беморӣ ва корношоямӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон афзудааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳар сол даҳҳо ҷавон бо сабаби “негодный” (корношоям) будан ба хидмат ҷалб намешаванд.

  • Ин ҳарфҳои мақомоти Тоҷикистон дар остонаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш садо дод. Ин маърака рӯзи 1-уми октябр оғоз ёфт ва то ду моҳи дигар идома мекунад.
Бадрафторӣ дар сафи нирӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар саффи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Мақомоти ҳарбии вилояти Суғд низ охири ҳафтаи гузашта дар як ҷаласа масъалаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбиро баррасӣ карданд. Рустам Раҳматзода, муовини раиси вилояти Суғд дар ин ҷаласа гуфтааст, ки соли гузашта дар ин минтақа тақрибан чаҳорсад нафар ба ҳайси ҷавони носолим сабт шуда ва аз хидмат дар саффи нирӯҳои мусаллаҳ озод гардиданд.

Шеваи нави фирори ҷавонони Лахш аз хизмат дар артиш

Ӯ бо ишора ба инки дар афзоиши саффи чунин беморон бархе аз пизишкону мақомоти ҳарбии маҳаллӣ ҳам даст доранд, гуфт, "аз 361 нафаре, ки бемор бароварданд, гуфта нашудааст, ки чанд нафари онҳо солим мешаванд. Бигзор онҳо ба артиш нараванд, барои ҷомеа кор кунанд. Барои насли оянда ин падидаи бисёр хатарзо аст. Дар ин кор мусоидат накунед."

Рустам Раҳматзода
Рустам Раҳматзода

Муовини раиси вилояти Суғд дар ин ниашст гуфт, афзоиши якбораи саффи ҷавонони бемор ё “негодный” дар баъзе шаҳру навоҳӣ нигаронкунанда аст ва ӯ тафтиши дубораи ин оморро тақозо кард. Рустам Раҳматзода гуфт, барои мисол, дар шаҳри Хуҷанд саффи ҷавонони бемор аз ҷавонони солим панҷ маротиба бештар будааст.

Сӯҳроб Салимзода, муовини Додситони ҳарбии вилояти Суғд низ гуфт, аз ҳама ҷавонҳои бемор ва писарони танҳо дар шаҳрҳо, бахусус дар Хуҷанд сабт шудааст. Ӯ гуфт, дар гузашта ташхиси дубораи афроди ба ном бемор собит кардааст, ки онҳо дар асл солиманд ва барои гурез аз хидмат худро “негодный” сабтином кардаанд.

"Облава"-и Сайёд 2 масъули комиссариати ҳарбиро ба ҷавобгарӣ кашонд

Аммо, дар баробари ин, мақомот аз ҷалби бархе аз ҷавонони бемор ба саффи артиш ҳам нигаронӣ карданд. Як мақоми Додситонии ҳарбии вилояти Суғд гуфт, ки дар даъвати баҳории имсола ба артиш беш аз 50 ҷавони беморро ба артиш фиристоданӣ буданд, вале онҳо баъди ташхиси дубора ба хонаҳояшон баргаштанд.

Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад.

Мақомоти вилояти Суғд, инчунин, аз сафарбарии бидуни асоси 11 ҷавон ба хидмати артиш нигаронӣ карда, дар ин маврид ба мақомоти баъзе шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Истарвшану Мастчоҳу Ашт ҳушдор доданд.

Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ ҷанҷолӣ аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар саффи артиш худдорӣ мекунанд. Бадрафторӣ дар сафи нирӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар саффи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Додгоҳи ҳарбӣ Фарҳодро ба зиндон маҳкум кард

Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад.

Дар Тоҷикистон даъват ба хидмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои манобеи расмии Тоҷикистон, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.

XS
SM
MD
LG