Раҳмон Ӯлмасов – ҷомеашинос ва устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия – гуфт, ки то ин дам беш аз як миллион аҳолии кишвар шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Ӯ рӯзи 30-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар ҳафт соли пеш тоҷикон дар феҳрасти халқиятҳои Русия дар ҷойи 29-ум буданд, ҳоло ба зинаи 8-ум баромадаанд. Тоҷикистон бо Русия низоми душаҳрвандӣ дорад ва ба сокинонаш иҷоза додааст, ки дар баробари шиносномаи тоҷикӣ шиносномаи Русияро дастрас карда, аз имтиёзҳои он кишвар баҳравар шаванд. Аммо ду моҳи пеш порлумони Тоҷикистон қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он афроди дорои душаҳрвандӣ аз ҳаққи кор дар ниҳодҳои давлатӣ, бахусус ниҳодҳои қудратӣ маҳрум ҳастанд.
Ин афсона нест. Вақте пул дореду корхона доред, аммо коргар надоред, ин амр ногузир аст. Заминҳои беодам ба кӣ даркор аст? Мутмаинам, ки баъд аз 5-6 сол аз Русия ба кишвари мо барои кирояи коргарон меоянд.
Радиои Озодӣ: Ҳанӯз дар Русия бархӯрд бо тоҷикон нохушоянд аст. Сари чанд вақт муҳоҷиронро даста-даста ихроҷ мекунанд ё онҳоро мавриди латту кӯб қарор медиҳанд. Чаро?
Раҳмон Ӯлмасов: “Ин иштибоҳи бузурги мақомоту миллатгароҳои рус аст. То 5-6 соли дигар мақомоти Русия худашон шаҳрвандони Тоҷикистонро зорӣ мекунанд, ки барои кор ба он кишвар бираванд. Аз тарафи дигар асри 21 асри муҳоҷират аст. Мушкили муҳоҷират танҳо хоси Тоҷикистон набуда, балки ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон рабт дорад. Зеро равандҳои ҷаҳонишавӣ сокинони ҳамаи кишварҳоро водор мекунад, ки барои пайдо намудани шароити беҳтари зиндагӣ аз як кишвар ба кишвари дигар бираванд.”
Сӯҳбати видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Радиои Озодӣ: Мақомоти Русия бештар аз он норозианд, ки гӯё мҳуоҷирони тоҷик забони русиро хуб балад нестанд ва тахассус надоранд. Оё муҳоҷирони мо дар ҳамон сатҳи солҳои навадум боқӣ мондаанд?
Раҳмон Ӯлмасов: “Фарқи миёни муҳоҷирони кории тоҷики соли 2017 аз муҳоҷирони солҳои 1990 мисли замину осмон аст. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар солҳои 1990 аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фирор карда, озими Русия шуданд, то дар шароити амн зиндагӣ карда тавонанд. Насли дувум ва севуми муҳоҷирони кории тоҷик бо тафаккур ва андешаронии худ аз насли аввал ба таври куллӣ фарқ мекунад. Ин муҳоҷирон забони русиро хуб медонанд ва танҳо барои кор ба Русия рафта, ҳадафҳои дигаре надоранд. Акнун муҳоҷирони кории тоҷик рақобатпазир шудаанд. Насли севуми муҳоҷирон мехоҳад Русияро ба унвони ба истилоҳ “трамплин” истифода кунад. Мехоҳанд, дар Русия касбу дониш гирифта, ба кишварҳои Аврупо ва Амрико муҳоҷират кунанд.”
Радиои Озодӣ: Пас, чаро то ҳол муносибати мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирони тоҷик тағйир накардааст ва онҳо ҳамчунон таҳти фишор қарор доранд?
Раҳмон Ӯлмасов: “Зеро ҳам мақомот ва ҳам сокинони миллатгарои Русия дар бораи ояндаи кишварашон фикр намекунанд. Агар аз нуқтаи назари илмӣ ба ин мушкил расидагӣ кунем, пас, мебинем, ки ҳамасола ҳудуди як миллион сокини қобили кори Русия кишварро тарк мекунанд. Тибқи пешбинии СММ то соли 2100 аҳолии Русия то 95 миллион нафар коҳиш меёбад, яъне ду баробар кам мешавад. Ба ин тартиб, Русия дар масоҳати бузурги кишвараш нерӯи кишвари пуриқтидор буданашро аз даст медиҳад. Дар ин вазъият танҳо муҳоҷирони корӣ метавонанд ба рушди Русия мусоидат кунанд. Ҳарчанд дар Русия ҳастанд донишмандоне, ки ин мушкилро мефаҳманд, бештаре аз мақомот ҳанӯз ин масъаларо дарк намекунанд.”
Радиои Озодӣ: Яъне, метавонем ҳадс занем, ки то 60-80 соли дигар қаламрави бузурги Русия беодам мемонад?
Раҳмон Ӯлмасов: “Тибқи омори расмӣ ҳоло дар Русия 19 ҳазор деҳае вуҷуд дорад, ки дар онҳо касе зиндагӣ намекунад. Ҳамчунин, дар ин кишвар 7-8 ҳазор деҳае вуҷуд дорад, ки аҳолиаш 5-6 нафар ҳастанд ва он ҳама бознишаста мебошанд. Ин амр ба он маънист, ки Русия дар як чоҳи бузурги демографӣ қарор дорад. Мутаассифона, ин ҳолро на сиёсатмадорон ва на аҳолии Русия ба дурустӣ дарк намекунанд.”
Радиои Озодӣ: Пас, минбаъд низ шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷойи кор озими Русия мешаванд?
Раҳмон Ӯлмасов: “Не. Ҳоло фурсате мерасад, ки аз вилоятҳо ва шаҳрҳои бузурги Русия мақомоти ин кишвар худ ба Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон омада, мардумро барои кор дар корхонаҳои худ ташвиқ мекунанд ва бо ҳавопаймо онҳоро бо худ мебаранд.”
Радиои Озодӣ: Ин мисли афсона менамояд...
Раҳмон Ӯлмасов: “Не, ин афсона нест. Вақте пул дореду корхона доред, аммо коргар надоред, ин амр ногузир аст. Заминҳои беодам ба кӣ даркор аст? Мутмаинам, ки баъд аз 5-6 сол аз Русия ба кишвари мо барои кирояи коргарон меоянд. Ҳатто ҳозир ҳамасола беш аз 60 донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон барои худ донишҷӯ меҷӯянд. Барои чӣ? Мо ҳисоб кардем, агар ҳатто сад дарсади хатмкунандаҳои мактабҳои худи Русия донишҷӯ шаванд, нақшаи қабули донишгоҳҳо 35 дарсад иҷро намешавад. Он гоҳ ин донишгоҳҳо бояд баста шаванд. Ба ин хотир, устодони ин донишгоҳҳо аз Тоҷикистону Узбакистон барои худ донишҷӯ мегиранд. Дар акси ҳол онҳо баста мешаванд. Дар зудтарин фурсат чунин вазъият дар арсаи кишоварзии Русия ва сипас дар саноати он низ рух медиҳад. Ман шоҳид ҳастам, ки намояндаҳои вилоятҳои Тамбов ва Тюмен ба тоҷикон муроҷиат карда, омода ҳастанд, то 100 ҳазор гектар заминро ба онҳо ба иҷора диҳанд.”
Агар ҳоло тоҷикон ба Русия рафта дар онҷо кор накунанд, пас, чиниҳо мераванд. Барои русҳо муҳоҷирони тоҷик бештар фоидаоваранд, зеро ҳадафҳои геополитикӣ надоранд.
Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки мақомоти тоҷикро зарур аст дар музокирот бо мақомоти Русия дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирон аз ҳамин зовия сӯҳбат кунанд?
Раҳмон Ӯлмасов: “Ҳоло мавзӯи муҳоҷират бештар зовияи сиёсӣ дорад ва мо имкон надорем, ки ин масъаларо дар сатҳи баланд матраҳ созем. Зеро вақте муҳоҷират тобиши сиёсӣ касб кард, баррасии он метавонад дар муносибати ду кишвар мушкил эҷод кунад. Вале фурсати каме мондааст ва он вақт русҳо худ манфиатдор мешаванд, ки мақомоти тоҷик ба масъалаҳои муҳоҷират таваҷҷӯҳи ҷиддитаре кунанд. Ёдовар мешавам, ки замони салтанати Екатеринаи 2 се фармоне содир шуда буд, ки ба ҷалби муҳоҷирон аз Аморати Бухоро ба минтақаҳои Сибири Русия дахл дошт. Он вақт Екатеринаи 2 ба ҳар муҳоҷир аз Аморати Бухоро 25 рубл ҷудо карда, дар он вилоятҳо барояшон мактабҳову масҷидҳо бунёд кардааст. Ҳанӯз низ дар ин шаҳрҳо маҳаллаҳое бо номи “Бухарская слобода” вуҷуд дорад. Ин ҳама талошҳои Екатерина танҳо барои ободии минтақаҳои дурдасту беодами кишвараш буд. Муҳоҷирони омада аз Бухороро ҳатто ба артиш даъват намекарданд. Танҳо дар ҳамин ҷо зиндагӣ кунанд ва маҳалли худро обод созанд. Ба ин хотир мегӯям, ки Русия хоҳаду нахоҳад ба давраи Екатерина бармегардад. Агар ҳоло тоҷикон ба Русия рафта дар онҷо кор накунанд, пас, чиниҳо мераванд. Барои русҳо муҳоҷирони тоҷик бештар фоидаоваранд, зеро ҳадафҳои геополитикӣ надоранд. Ҳоло Русия барои таблиғи забони худ дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳамагӣ то 4 миллион доллар сарф мекунад. Ҳарчанд Фаронса дар кишварҳои собиқ мустамликаи худ барои таблиғи забони фаронсавӣ то 8 миллиард доллар ҷудо мекунад. Тибқи натиҷаҳои ҳамапурсии соли 2011 дар Русия 1 миллиону 80 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва ин рақам ҳамасола ба таври қобили мулоҳиза афзоиш меёбад. Фикр мекунам тоҷикон дар феҳрасти ақаллиятҳои Русия ҳоло дар мавқеи 8 қарор доранд.”
Радиои Озодӣ: Вале чунин амр ба манфиатҳои иқтисодиву фарҳангии худи Тоҷикистон хатар надорад?
Раҳмон Ӯлмасов: “Вақте тоҷикон дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд, ҳатман ба кишвари худ кумак мекунанд ва маҳз бо пулу дониши онҳо минбаъд иқтисоду фарҳанги Тоҷикистон тавсеа хоҳад ёфт. Ин амр набояд мояи нигаронӣ бошад.”