Вале донишмандони ислом мегӯянд, дини мубини ислом низ дар баробари тақсими мерос мавқеи устувор дошта, дар ин дин мерос ба унвони “нисфи илм” ва “илми фароиз” ёд мешавад.
Мерос
Мерос дар луғат ба маънии бақо ва интиқоли чиз аз гурӯҳе ба гурӯҳи дигар омадааст. Дар шариати ислом мерос ҳаққест, ки ба шахси дигаре баъд аз вафоти соҳиби он ба далели наздикии миёнашон гузошта мешавад.
Уламои ислом мегуянд, дар китоби Қуръон роҷеъ ба илми мерос чор оят ворид шудааст, ки тамоми масоили илми меросро фаро мегирад.
Ҳамчунин доир ба мерос якчанд ҳадисе омадааст, ки ба баъзе аз аҳкоми мерос таъкид мекунад. Масалан, “мусулмон аз кофир ва кофир аз мусулмон мерос намегирад”,-омадааст дар китоби “Саҳеҳ”-и Бухорӣ.
Тақсими одилона?
Фирдавси Ҷамолуддин, фориғуттаҳсили мадрасаи Мадина дар Арабистони Саудӣ, мегӯяд, мавзӯи мерос ва тақсими он аз масъалаи густурда ва сербаҳси дини ислом ба шумор меояд. Вале мегӯяд ӯ, имрӯз таваҷҷӯҳ ба тақсими мерос аз дидгоҳи дини ислом дар кишвари дунявие чун Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки аксари кулли сокинонаш аз ин дин пайравӣ мекунанд, камтар шудааст.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи оқои Ҷамолуддин, дини ислом роҳҳои беҳтар ва тақсими боадолатонаи меросро барои меросбарон нишон додаст: “Аз он чизе, ки падару модар тарк карда рафтаанд, барои мардҳову занҳо насибе аст. Дар баъзе ҳадисҳо омадааст, ки агар шахс вафот кунаду фарзанд ё падару модар надорад, пас, тағо ё амаки ӯ метавонанд моли ӯро ба мерос гиранд.”
Дар ҳамин ҳол, аҳли дунявият мисолеро аз шариати ислом пеш меоранд, ки ба гуфтаи онҳо ба тақсими нобаробари мерос миёни писару духтар таъкид шудааст. Ба гуфтаи онҳо, шариати ислом фармудааст, ки мероси писарро дучанди мероси духтар бидиҳанд.
Вале Фаромарзи Абдувалӣ, донишманди ҷавони тоҷик мегӯяд: “Зеро мард вазифадор аст, ки оила ва додарону хоҳаронашро таъмин кунад. Ҳол он ки хоҳари мард, ки бояд баробари ӯ мерос бигирад, зиндагии ӯ ба дӯши марди дигар аст. Ин ҳикмати он буд, ки Худованд мероси мардро ду баробар зиёд кард. Ин як адолати илоҳӣ аст.”
Ҳисобу китоб
Дар ин маврид дар сураи “Нисо” низ саҳмҳои писару духтар, падару модар, зану шавҳар ва бародарони шахси фавтшуда баён ёфта ва таъкид шудааст, ки “бар шумо воҷиб мегардонад, ки саҳми як мард ба андозаи саҳми ду зан аст. Агар фарзандонатон ҳама духтар бошаду теъдодашон (2 ё) бештар аз 2 нафар бувад, аз се ду ҳиссаи амволи майит ба онҳо тааллуқ мегирад.”
Аммо таъкид шудааст, ки ин ҳама тақсимот ва ё саҳмгириҳо пас аз анҷоми васиятест, ки агар мурда онро карда бошад ва низ пас аз пардохти қарзест, ки ба ӯҳдаи майит будааст. Бо ин вуҷуд таъкид рафтааст, ки “адои қарзи шахси фавткарда мавзӯи аввалдараҷа қабл аз тақсими мерос аст.”
Айб дар ош ё дар мош?
Аксари уламои тоҷик аз он гила мекунанд, ки имрӯз мавзӯи тақсими мерос аз дидгоҳи шариати ислом камаҳамият шудааст. Ба гуфтаи онҳо, имрӯз бо такя ба қонунҳои дунявии Тоҷикистон фармудаҳои шариат дар канор мондааст ва сокинон низ барои тақсими боадолатонаи мерос на ба аҳли рӯҳоният, балки бештар ба додгоҳҳо муроҷиат мекунанд.
Ин нуктаро Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик таъйид мекунад, вале мегӯяд, қонунҳои кишвар, ки ба тақсими мерос рабт мегиранд, бо такя ба қонунҳои кишварҳои исломӣ навишта шудаанд. Аммо вай мегӯяд, “мушкили сокинон ин нест, ки чӣ гуна миёни ҳам меросро тақсим кунанд, балки мушкил сари ин аст, ки онҳо баъд аз гузашти фурсате, ки қонун барои тақсими мерос барои онҳо муайян кардааст, ба идораҳои дахлдори Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.”
Фарзандони зани дуввум аз мерос маҳруманд?
Бо ин ҳол, уламои ислом мегӯянд, фармудаҳои шариати ислом дар бахши тақсими мерос дар қонунҳои Тоҷикистон ҷо бигиранд, то тақсими мерос боадолатона сурат гирад.
Яке аз мавзӯи мавриди назари онҳо ин аст, ки феълан дар Тоҷикистон фарзандони занҳои дуввум ва севвуми марди соҳиби ду ё се зан наметавонанд, аз мероси падари худ ҳақ дарёфт кунанд. Қонунҳои Точикистон мегӯянд, танҳо фарзандоне, ки тибқи никоҳи расмии давлатии зану мард ба дунё меоянд, аз ҳаққи мерос бархӯрдор хоҳанд буд.
Аммо шариати ислом мегӯяд, ҳар фарзанде, ки аз никоҳи шаръӣ ё ҳалоли зану мард ба дунё меояд, аз дарёфти ҳаққи мерос бархӯрдор хоҳад шуд. Тилав Расулзода, ҷомеашиноси маҳаллӣ, дар ин бора гуфт: “Фарзандоне, ки аз никоҳи ғайрирасмӣ ба дунё омадаанд, аз ҳамагуна ҳуқуқҳои меросбарӣ маҳрум ҳастанд. Аз ин рӯ, дар чанд соли ахир мавзӯи баҳсе дар миён омадааст, ки бояд давлати Тоҷикистон дузанагӣ дар кишварро қонунӣ гардонад. Ба ин мақсад, ки фарзандоне, ки аз никоҳи дувум ва ё севум ба дунё меоянд, аз мероси падару модари худ бархӯрдор шаванд.”
Дар робита ба ин мавзӯъ дар шариати ислом таъкид шудааст, ки волидон ҳақ надоранд, баъзе аз фарзандонашонро аз мерос ба адолат маҳрум намоянду ҳаққи фарзандони як занро ба фарзандони зани дигарашон зиёду кам кунанд ва меросро бештар барои онҳо қарор диҳанд.
“Васият намекунанд”
Ҳоло аксарияти коршиносон ба ин нукта ишора мекунанд, ки бояд сокинон молу амволи худро барои фарзандони худ васият кунанд. Васият ба маънои атои мол ба шахсе баъд аз вафот ба тариқи бахшидан мебошад. Чи ба шахси муайян ва чи барои манфиатҳои ҷамъиятӣ.
Фирдавси Ҷамолуддин, фориғуттаҳсили мадрасаи Мадина дар Арабистони Саудӣ мегӯяд, ки васият бояд аз сеяки мол зиёд набошад: “Васият аз нигоҳи чор мазҳаби ислом ҷоиз аст. Аммо шахси васияткунанда наметавонад аз сеяки мол зиёдашро васият кунад. Ба ҳар ҳол, паёмбари Худо гуфтаанд, ҳаққи мусулмон ин аст, ки ё васият кунад ё васияти худро навишта бошад.”
Аммо баъзе аз уламо гуфтаанд, ки васият ба зиёда аз сеяки мол дар ҳоле ҷоиз аст, ки меросхӯрон пас аз марги меросгузор ба он розӣ шаванд. Зеро ба таъкиди онҳо, зиёда аз сеяки мол ҳаққи фарзандон бувад.
“На бояд ба василаи васият зарфе ба касе бирасад. Васият бояд ба хотири Худо бошад. Худо олим ва сабур аст. Ин дастурот, ҳудуд ва қонун мушаххас шуда, аз ҷониби Худованд мебошад ва касе, ки дар иҷрои онҳо ба Худо пайравӣ намояд, Худованд ӯро дохили биҳишт мекунад. Аммо касе ки аз фармони Худо ва расулаш сар печад ва аз ҳудуди Худо таҷовуз кунад, Худованд ӯро дар оташи махсус меандозад ва ҳамеша дар он боқӣ мемонад...”,-ишора рафтааст дар китоби Қуръон.
Фаромарзи Абдувалӣ, донишманди тоҷик, низ бо ишора ба баҳсҳои бешумори додгоҳӣ барои дарёфти мерос мегӯяд, ки уламои ислом ба мардум гӯшзад кунанд, то онҳо васияти худро нависанд, ки пас аз маргашон дар тақсими амвол ноадолатӣ нашавад.