Як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷик дар шаҳри Душанбе ба ҳимоят аз қонуни нави танзим таҷаммӯъ карда, сокинонро ба сарфакорӣ даъват намудаанд. Ин таҷаммӯъ шоми 23-юми сентябр дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар назди бинои порлумон ва Боғи ба номи Рӯдакӣ баргузор шуд. Қонуни нави танзим охири моҳи августи имсол ба ҳукми иҷро даромад ва чанд маҳдудият дар маъракаи шодиву азои мардумро дар бар мегирад.
Бархе аз ин ҷавонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки таҷаммӯи онҳо бо пуштибонии Кумитаи ҷавонон ва шаҳрдории Душанбе сурат гирифт. Дар аксҳо дида мешавад, ки ҷавонон ба мардум варақаҳои мухталифро тақсим карда, шиорҳои зиёдеро ба тарафдорӣ аз қонуни нави танзим боло кардаанд.
Бар асоси тағйироти нав ба қонуни танзим, ки охири моҳи августи имсол аз тарафи аъзои ду палатаи порлумони Тоҷикистон тасвиб ва мавриди иҷро қарор гирифт, пӯшидани либоси миллӣ дар маъракаҳо ҳатмӣ шуда, маросими хатнасур бо иштироки аҳли хонавода ва бидуни овардани овозхонҳо баргузор мешавад. Маросими хатнаи писарон низ бо ризояти волидон то бистрӯзагии навзод дар бемористон сурат хоҳад гирифт.
Баргузории маъракаи ақиқа манъ шуда, инчунин, гузарондани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила бе забҳи чорво иҷозат дода шудааст.
Қонуни нав маъракаи азои мардумро низ ба танзим дароварда, бар асоси он забҳи чорво манъ аст.
Қонуни танзим даҳ сол пеш қабул шуда, яке аз қонунҳои баҳсбарангез дар кишвар номида мешавад. Бархе аз сокинон мегӯянд, ки ин қонун ба зиндагии шахсӣ ва маъракаҳои хусусии онҳо мудохилаи зиёд мекунад. Аммо мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ҳамаи ин кумак ба иқтисоди мардум ва ҷилавгирӣ аз исрофкорист.