Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: Қарз гирифта қурбонӣ кардан нораво аст


акс аз соли 2016
акс аз соли 2016

Президенти Тоҷикистон, ки дар Чин бо як сафари давлатӣ қарор дорад, рӯзи 31 август мардуми кишварро бо фарорасии Иди Қурбон табрик кард. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муҳим будани риояи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар таҷлили ин ид таъкид кард.

Вай, аз ҷумла гуфт, ки идро набояд “ба тӯй ва зиёфати бодабдаба табдил дод» ва “ҷашнро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ доир кард”. Президент гуфтааст, ки танҳо шахсони доро аз рӯи аҳкоми шариат метавонанд қурбонӣ кунанд ва афроди нодору дасткӯтоҳро набояд маҷбур кард:

“Дар шароити имрӯза, қарз гирифта қурбонӣ кардан ва ҳаққи фарзандонро кам намудан низ дар ислом нораво мебошад”.

Қонуни танзими расму русум, ки ба муҳимтарин санади танзимкунандаи тарзи зиндагии сокинони Тоҷикистон табдил шудааст, дар давоми 10 соли охир ва бахусус соли ҷорӣ яке аз баҳсбарангезтарин қонунҳо табдил шуд. Мунаққидон қонунро аз ҳар ҷиҳат ҳамчун дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон интиқод мекунанд.

Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон 1 сентябр аст. Бо қарори вазорати маориф дар ин рӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дарсҳо шурӯъ мешаванд ва барои дигар коргарон рӯзи ид аст. Мақомоти Душанбе рӯзи 30 август гуфтанд, ки бо қарори шаҳдор забҳи чорво дар ҷойҳои махсусгардонидашуда ва доимӣ ва ҳам 93 макони махсусан муқарраршуда анҷом мегирад. Барои забҳи чорво дар ҷои мамнӯъ ҷарима дар ҳаҷми махсусан калон таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG