Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи фошшуда: қасди ДИИШ барои ирсоли тоҷикон ба Аврупо. САДО


Мақомоти Тоҷикистон аз Интерпол - пулиси байналмилалӣ хостанд, рӯйхати шаҳрвандони ин кишварро, ки ДИИШ барои анҷоми амалҳои террористӣ дар Аврупо омода кардааст, бо онҳо дар миён гузоранд. Дар ин рӯйхат, ки баъди озодии Мавсил дар миёнаҳои моҳи июл мақомоти Ироқ аз як бинои харобшуда пайдо карданд, исми 173 нафар сабт шудааст, ки ДИИШ онҳоро барои анҷоми амалётҳои террористӣ ба Аврупо интиқол медиҳад.

Рӯзномаи олмонии Die Weltнавиштааст, ки дар ин рӯйхат ном, акс ва зодгоҳи тундравони ДИИШ сабт шудааст. Дар баробари шаҳрвандони Ироқ, Тунис, Марокаш, Урдун ва Арабистони Саудӣ шаҳрвандони Тоҷикистон низ шомили ин руйхат будаанд. Ба навиштаи ин нашрия, Амрико ин руйхатро омӯхта, баъдан ба пулиси байналмилалии Интерпол додааст.

Ҳар акс дар ин рӯйхат бо ному насаб, таърихи таваллуд ва бо лақабаш дар сафи ДИИШ ва маълумоти расмӣ, ки дар кишвари таваллудаш вуҷуд дорад, сабт шудааст

Як намояндаи сохторҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот аз пайдо шудани чунин як рӯйхат, ки дар он исми шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳаст, хабар доранд ва нусхаи онро аз Интерпол дархост кардаанд. Ӯ гуфт, бовар доранд, ки ин рӯйхат зуд дастрас мешавад, зеро Интерпол низ ҳавасманди ҳамкорӣ ва пешгирӣ аз терроризм аст. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ДИИШ дар гузашта низ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои пиёда кардани амалҳои террористӣ берун аз қаламрави Ироқ ва Сурия фиристодааст.

Нақшаи фошшуда: қасди ДИИШ барои ирсоли тоҷикон ба Аврупо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
Линки мустақим

Мақомот нафареро, ки аввали соли 2016 аз Сурия ба Тоҷикистон омад, боздошт карданд. Қарор буд, ин шахс дар Тоҷикистон амалиёти террористӣ анҷом диҳад. Дар Олмон низ Муҳаммадсаид Саидов, як шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд, ки аз ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” буд.

Муҳаммадсаид Саидов
Муҳаммадсаид Саидов

Муҳаммадсаид Саидов, сокини 31-солаи шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор аввали соли 2016 дар Олмон боздошт шуд. Мақомоти Олмон гуфтанд, ки ӯ ҳамроҳ бо паноҳандагони суриягӣ вориди хоки ин кишвар шудааст. Додситонии Олмон эълон кард, ки нисбат ба Саидов парванда боз шудааст. Ширкати Саидов дар ҷангҳои Сурия дақиқ аст, вале маълум нест, ки ӯ бо кадом ҳадаф вориди Олмон шудааст.

Ҳоло маълум нест, исми кадом “ҷиҳодии тоҷик” дар рӯйхате, ки ироқиҳо пайдо карданд, шомил аст ва ҳамчунин маълум нест, ки ин ҷангиён баъди шикасти Мавсил ба куҷо фирор кардаанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати дастрас кардани рӯйхати Интерпол ҷониби Тоҷикистон онро меомӯзад ва маълумоти худро бо хадамоти марбутаи кишварҳои дигар дар миён мегузорад. "Ҳоло чунин руйхатеро мо дастрас накардем, вале барои мубориза бо терроризм дар сурати гирифтани он бо кишварҳои дахлдор ҳамкорӣ мекунем,-гуфт ӯ.

Вазифа: Бомгузори маргталаб

Рӯзномаи “Die Welt” навиштааст, ки шаш нафари шомили ин руйхат зодагони кишварҳои аврупоӣ, мисли Белгия, Нидерландия, Фаронса ва Олмон ҳастанд. Бо такя ба мақомоти Олмон нашрия исми шаҳрванди ин кишварро ошкор кардааст. Ин нафар Самӣ Ҷ.-и 27-сола будааст, ки дар сафи гурӯҳи тундрав бо лақаби “Абу Ассид ал-Олмонӣ” меҷангидааст.

Гуфта мешавад, ӯ кишварашро соли 2012 тарк карда, ба Миср рафтааст, баъдан ба Либия ва дертар, аз тариқи Туркия ба Сурия рафта, ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастааст. Зану кӯдаконаш низ ҳамроҳи ӯ буданд. Дар бораи ӯ маълумоти дақиқе рӯи даст нест. Миёнаҳои моҳи июл дастгоҳи тарғиботии ДИИШ аз ҳалокати ӯ дар Раққа хабар дод, вале шарҳ надод, ки ӯ чӣ тавр ҳалок шудааст.

Мақомоти Олмон ба хабари ҳалокати ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, зоҳиран ин баҳонае барои пинҳон кардани ӯ аз ҷустуҷӯ аст. Мақомоти иктишофӣ бар ин боваранд, ки эҳтимол бо ин баҳона ӯро ба Аврупо барои анҷоми амали интиҳорӣ фиристанд.

Муаллифи матлаби “Die Welt” мегӯяд, рӯйхатро дидааст ва “ҳар акс дар ин рӯйхат бо ному насаб, таърихи таваллуд ва бо лақабаш дар сафи ДИИШ ва маълумоти расмӣ, ки дар кишвари таваллудаш вуҷуд дорад, сабт шудааст.” Муаллиф навиштааст, дар акс "бархе бо чеҳраи хурсанд, баъзеҳо шармгинона, бисёриҳо хеле ҷиддӣ аксбардорӣ шудаанд. Якчанд нафари дигар мисле, ки барои шиноснома акс мегиранд, дар ин рӯйхат акс доранд".

Дар рости номи ҳар кас вазифаи ҷангии ӯ ишора шудааст. Мисол, дар паҳлӯи рӯйхати Самӣ Ҷ, марди олмонии узви ДИИШ гуфта шудааст: “Бомгузори маргталаб”.

Аз кишварҳои аврупоӣ бештар аз 6 ҳазор марду зан ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ки наздики ҳазор нафари онҳо аз Олмон мебошанд. Ҳанӯз дақиқ нест, ки чӣ теъдоде аз онҳо зинда боқӣ мондааст.

Аз Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар ба ДИИШ пайвастааст. Ҳанӯз маълум нест, ки чанд тан аз онҳо кушта шудааст ва баъди шикасти гурӯҳи тундрав ба куҷо рафтаанд.

XS
SM
MD
LG